Шамол хунук мехӯрад?

Муаллиф: Убайд Раҷаб
Ношир: «Маориф»
Саҳифа: 20
Соли нашр: 2015
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,42 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 3 нафар

Дар бораи китоб:

Чаро шеърҳои устод Убайд Раҷаб соддаву равон аст ва бо як хондан, осон ҳифз мешавад? Чаро дар ашъори бачагонаи шоири маҳбуб санъати такрор ҳамеша бамаврид, дилкашу дилнишин оварда шудааст? Сирри ин ҳама чиз, албатта, ба хонандагони азиз, набояд пӯшида бошад. Зеро устод натанҳо шоири чиракалом, балки дар донистану омӯхтан ва истифодаи назму навои халқӣ низ беҳамтову мумтоз буданд. Аз ин хотир мо як шадда шеърҳои мисли об равону чун абри баҳор давон-давони устоди зиндаёд – Убайд Раҷабро бо ҷону дил ба шумо ҳадя мекунем.

Хонед, ҳаловат баред ва аз ёд кунед.


Дар бораи муаллиф:

Убайд Раҷаб — шоир, Шоири халқии Тоҷикистон (1994), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1962). Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1987) ва Мукофоти адабии ба номи Андерсен.

Зиндагинома

Убайд Раҷаб 15 майи 1932 дар деҳаи Никноти ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкунандаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад. Дар рӯзномаҳои «Пионерии Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Машъал» ва «Садои Шарқ» кору фаъолият намудааст. Ба ҳайси котиби Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст ва чанд муддат мушовири ин иттиҳодия оид ба адабиёти кӯдакону наврасон буд. Соли 1961, бо даъвати бевоситаи Мирзо Турсунзода, ба кори маҷаллаи «Садои Шарқ» гузаштааст. Аввал мудири шуъбаи танқиду адабиётшиносӣ, баъдан мудири шуъбаи назм, сипас и.в. котиби масъули он будааст. Дар анҷумани 6-уми нависандагони Тоҷикистон (1966), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин гардида, дар ин вазифа то моҳи майи соли 1979 иштиғол варзидааст. Баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мушовири Иттифоқи нависандагон оид ба адабиёти кӯдакону наврасон будааст. Ӯ 11 августи соли 2004 аз олам даргузашт

Эҷодиёт

Асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Орзуҳои ширин» (1958), «Қиссаҳои модаркалон» (1958), «Ҳамсуҳбати ширинзабон» (1963), «Нинӣ чӣ ном дорад?» (1964), «Саду як барг» (1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум» (1978), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Як дона марворид» (1984), «Тирукамон дар рӯи бом» (1987), «Тӯшае аз ҳар гӯшае» (1988), Арчамайдон” (1989), «Модарам» (1989), «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» (1991), «Як лаълӣ марҷон» (ба форсӣ, 1993), «Себаки ғелон» (1997), «Нақши қалам» (2002), «Ҳадяи бобо» (2006), «Олуча — гули бодом» (2012) ва ғ. мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) ва ғ. барои калонсолон офарида шудаанд. Достонҳои «Шабчароғ»-у «Замин»-и ӯ дар мавзӯъи тарбияи наврасон эҷод шудаанд. Китобҳои алоҳидаи ашъори бачагонааш борҳо дар Маскав, Боку, Ашқобод, Ереван, Минск ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва дар Эрону Афғонистон борҳо чоп шудаанд. Шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…», ки дар ҳимояи забони модарӣ нигошта шудааст, ба муаллифаш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Осори даҳҳо адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст. Дар таҳия ва нашри «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик» (дар панҷ ҷилд) ҳиссаи арзанда гузоштааст. БунёдгузориҚонуни кӯдакони Тоҷикистон (1987—1990) буда, то охири умр сарварии онро бар уҳда доштааст.

Ҷоизаҳо

Ба дарёфти Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977), Диплом-мукофоти байналхалқии ба номи Ҳ.К. Андерсен (1983) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987) мушарраф гардидааст. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1982), Шоири халқии Тоҷикистон (1994). Бо медалу ифтихорномаҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардидааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *