Шаддаи марҷон

Муаллиф: Гулчеҳра Сулаймонӣ
Ношир: «Маориф»
Саҳифа: 1976
Соли нашр: 96
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 3,25 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 15 нафар

Дар бораи китоб:

“Шадаи марҷон” армуғони шоира Гулчеҳра ба хонандагони хурдсол мебошад. Дар ин китоб, ки меҳнати 20-солаи шоираро дар ба мегирад, шеъру тарона, қисса ва достонҳои беҳтарини ӯ гирд оварда шудаанд.


Дар бораи муаллиф:

Гулчеҳра Сулаймонӣ  (1 январи 1928, Бухоро — 5 апрели 2003) — шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1977) барои маҷмӯъаҳои бачагона «Себи хубонӣ» ва «Чил кокули бозингар», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 1957).

Зиндагинома 

Гулчеҳра Сулаймонӣ дар хонаводаи шоири шаҳиру навовар Пайрав Сулаймонӣ 1 январи соли 1928 дар шаҳри бостонии Бухоро, ба дунё омадааст. Соли 1948 ӯ ба Душанбе омада, муаллими Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», мудири шуъбаи нашриёти «Маориф», муовини сармуҳаррири моҳномаи «Занони Тоҷикистон» будааст. Гулчеҳра Сулаймонӣ 5 апрели соли 2003 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

Гулчеҳра ба офаридаҳои падар зеҳн монда, дар дил орзу мекард, ки амсоли ӯ шоир шавад. Ин орзуи кӯдакӣ пас аз марги падар дар ниҳоди Гулчеҳра амиқтар реша давонду пайрави ҳақиқии Пайрав Сулаймонӣ гардид. Ва, хушбахтона орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Шоираи бохабар аз олами ботинию рангину афсонавии кӯдакон. Солиёни дароз барои онҳо шеър гуфт. Шеърҳои соддаву равону самимӣ. Шеърҳое, ки натанҳо дили кӯдакон, балки қалби калонсолонро низ ба ваҷд меоваранд. Меҳру муҳаббати самимиаш нисбат ба кӯдакон ӯро ба рӯзномаи бачаҳо «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») овард. Навиштаҳояш аввал дар саҳифаи рӯзнома ва маҷаллаҳо ва сипас дар шакли китобчаҳои рангини «Имрӯз ид», «Ду бех олу», «Наргис», «Чархофалак», «Чил кокули бозигар», «Себи хубонӣ», «Шаддаи марҷон», «Илҳом», «Тирукамон», «Айёми гулу лола», «Сичароғ», «Куртаи чакан» ва «Лолаҳои дасти ман» гирд омаданд. Аз шеърҳои шоираи хушилҳом бӯйи деҳа, бӯйи шири навдӯшида, бӯйи нони гарми танӯрӣ, бӯйи атру ҳино меояд. Гулчеҳра Сулаймонӣ воқеан дар офаридани шеър барои кӯдакон мақоми шоистаеро сазовор аст. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик яке аз суханварони пешоҳанги адабиёти бачаҳо ба ҳисоб меравад. Дар шеъри кӯдак ҳусни хатти хоси худро дорад. Шоира аз оғози эҷодиёташ мавзӯи худро интихоб карда тавонист, мавзӯи ҷовидонаи адабиёт, васфи меҳри ҷовидонаи модару кӯдакро. Ӯ аз нахустин сурудаҳояш диққати аҳли адаб, хоса хонандагони хурдсолашро ба осори самимонаву модаронаи хеш ҷалб карда тавонист. Ба адабиёт бо ҳамин мавзӯи ҷовидона ворид шуда, то поёни умр ба он содиқ монд. Барои кӯдакон ва аз ҳаёти кӯдакон шеърҳои зиёди хубу хонданӣ эҷод кард. Гулчеҳра Сулаймонӣ яке аз адибони маҳбуби хонандагони навраси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар мебошад.

«Шаддаи марҷон» ҳам мисли китобҳои дигари шоира рангину ҷолиб аст. Дар ин маҷмӯа «Бахти мо», «Офтобаки хандонрӯ», «Нарав, тирамоҳ» ва дигар шеърҳои равону хонданӣ гирд оварда шудаанд, ки зимни дарёфтан худ бовар мекунед, ки чи қадар шеърҳои самимианд.

Осор

  1. Имрӯз ид. — Сталинобод: Нашр. дав. тоҷик, 1957. — 21 с.
  2. Ду бех олу. — Душанбе: Нашр. дав. тоҷик, 1962. — 32 с.
  3. Наргис. — Душанбе: Ирфон, 1966. — 70 с.
  4. Аспак.- Душанбе: Ирфон, 1972. — 6 с.
  5. Себи хубон: Шеърҳо. Барои наврасон. — Душанбе: Ирфон, 1974. — 31 с.
  6. Шаддаи марҷон: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф, 1976. — 96 с.
  7. Илҳом: Шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1977. — 48 с.
  8. Ниҳол. — Душанбе: Ирфон,1978. — 240 с.
  9. В гостях ӯ бабушки: Стихи (Для мл. школ. возраста). — М.: Малыш, 1978. — 24 с.
  10. Рангинкамон: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф, 1979. — 40 с.
  11. Полевой цветок: Стихи/ Пер. с тадж. — М.:Сов. писатель,1980. — 64 с.
  12. Айёми гулу лола: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф, 1982. — 143 с.
  13. Сорок косичек: Стихи. — М.:Дет. лит.,1983 — 63 с.
  14. Песня мамина слышна: Стихи (Для мл. школ. возраста) — М.: Дет. лит., 1983. — 63 с.
  15. Сичароғ: Шеърҳо.-Душанбе: Адиб, 1988. — 320 с.
  16. Вышел дождик на работу: Стихи.- Душанбе: Адиб, 1992.- 64 с.
  17. Лолаҳои дасти ман. — Душанбе: Шарқи озод, 1998.- 8 с.
  18. Меҳргоҳ: Маҷмӯаи лавҳаҳо, ёддоштҳо ва хотираҳо. — Душанбе: Адиб, 1999.- 112 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *