Дар бораи китоб:
Бисёр асарҳои Акобир Шарифӣ ҳам афсона ва ҳам ҳикояанд. Муҳайё забони саъваҳоро медонад, Орифҷон чӣ гуфтани мусичаҳоро мефаҳмад… Нависанда чӣ гуфтан мехоҳад? Мегӯяд, ки мо ба садо ва рафтори ҷонварон нағз эътибор диҳем. Ҳар паранда ба мо чизе гуфтан мехоҳад. Фақат мисли Муҳайё ва Орифҷон бояд зираку ҳушёр бошем.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.