Хуршеди корзанҷӣ

Муаллиф: Ҳазрат Сабоҳӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 10
Соли нашр: 2009
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 264 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 6 нафар

Дар бораи китоб:

Китоб аз силсилаи “Симоҳои ҷовид” буда, барои кӯдакони синни хурд ва синфҳои ибтидоии мактабӣ пешбинӣ шудааст.


Дар бораи муаллиф:

Ҳазрат Сабоҳӣ – рӯзноманигор, санъатшинос, тарҷумон. Узви Иттиҳодияи журналистон (1974), Иттиҳодияи кинематографистон (1988) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2011) мебошад. Номзади илми санъатшиносӣ (1980). Дорандаи ҷоизаи “Китоби беҳтарини соли 1988 дар бахши санъатшиносӣ” (Москва, 1988).

Зиндагинома

Ҳазрат Сабоҳӣ 15 декабри соли 1948 дар гузари Чорраҳаи ш. Самарқанд ба дунё омадааст. Шӯъбаи журналистии факултети филилогияи УДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1971). Ходими адабӣ, мудири шӯъбаи адабиёт ва санъат, котиби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло – «Ҷавонони Тоҷикистон»; 1971-1976). Пас аз хатми аспирантура (1979) ходими хурд ва калони илмӣ (1979-1983), ходими пешбари илмӣ (1987-1994), мудири шуъбаи таърихи санъат дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1984-1997). Тарҷумон дар гурӯҳи мушовирони вазорату муассисаҳои давлатии Афғонистон (1983-1987). Котиби масъули рӯзномаи “Овози Самарқанд” (1997-2000), тарҷумони Созмони садо ва симои Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон (2000 -2011). Аз с. 2011 – муҳаррир ва мутарҷими Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳоло дар Самарқанд кору зиндагӣ дорад. Ҳамсари ӯ рӯзноманигор ва шоира Маҳбуба Неъматзода аст.

Эҷодиёт

Муаллифи китобҳои «Таҷассуми кинематографии осори устод С. Айнӣ» (1979), «Грани экранизации» (1987; соли 1988) сазовори Ҷоизаи «Китоби сол» дар бахши санъатшиносӣ гардидааст), «Шоҳнома» дар осори ҳунарӣ» (Самарқанд, 1998), «Симоҳои ҷовид» (2003), китобчаҳои ҳикоёти таърихӣ барои бачаҳо – «Спитамони Зардушт», «Спитамони Суғдӣ», «Ғӯрак», «Деваштич», «Хуршеди Корзанҷӣ», «Хурдоди Хоразмӣ», «Сумбоди Муғ», «Устод Сис», «Муқаннаъ», «Тоҳири Фушанҷӣ», «Яъқуби Лайс», «Исмоили Сомонӣ» (2010-2011) ва яке аз мураттибони «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат» (2003) мебошад. Ашъори Хубии Самарқандиро таҳти унвони «Авроқи носӯхта» (Самарқанд, 1997; дар алифбои кириллӣ ва форсӣ), мунтахаботи Вофии Самарқандиро бо номи «Армуғон» (Самарқанд, 1999; ба хатти кириллӣ ва форсӣ), ҳамчунин, девони ашъори Орифи Гулханӣ (Самарқанд, 2000)-ро бо пешгуфтори муфассалу тавзеҳот тадвин ва чоп кардааст. Барои донишомӯзони синфҳои 4-уми мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон китоби хонише таҳия намудааст, ки дар бахши тоҷикии нашриёти «Ӯзбекистон» (Тошканд) аз соли 2003 то имрӯз ба табъ мерасад. Бештар аз 100 мақолаи илмӣ, тақриз ва навиштаҳои дигари Ҳазрат Сабоҳӣ дар маҷаллаву маҷмӯаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Украина ва Литва чоп шудаанд. Як силсила мақола, рисола ва китобҳои дарсиро дар бахши санъат ба тоҷикӣ гардондааст. Дар сайтҳои «Сентр-Азия» (Русия) ва «Бозтоб» (Эрон) 12 мақолаи ҷавобияи вай ба таҳрифкунандагони таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик эълом шудааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *