Дарёи кӯча

Муаллиф: Гулназар
Ношир: «Маориф ва фарҳанг»
Саҳифа: 24
Соли нашр: 2020
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 2,47 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 15 нафар

Дар бораи китоб:

Шеърҳо барои кӯдакон ва наврасон.


Дар бораи муаллиф:

Гулназар Келдӣ (20 сентябри 1945, деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 13 августи 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — шоири тоҷик. Шоири халқии Тоҷикистон (1995). Муаллифи матни Cуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва СССР. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994).

Зиндагинома 

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз ва сипас дар маҷаллаи « Садои Шарқ» идома медиҳад. Солҳои 1975—1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад. Дар кору чорабиниҳои фарҳангии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъол буд.

Ӯ 13 августи соли 2020 дар беморхона даргузашт.

Эҷодиёт

Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Расми сарбозӣ» дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбе омад, то таҳсилоташро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд. Бисту чаҳор солаш буд, ки дар с. 1969 нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи «Расми сарбозӣ» мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи «Забони ошиқӣ» дар Теҳрон мунташир кард.

Гулназар Келдӣ дар интишороти «Адиб» кор мекард, аммо ҳамчунон дар ҳоли навиштан ва чоп кардани маҷмӯъаҳои тозаи ашъораш буд. Тозатарин маҷмӯъаи вай бо номи «Туву хубиву раъноӣ» мунташир шуд. Гузашта аз шеъргӯӣ, Гулназар Келдӣ дар навиштани филмнома ҳам табаҳҳур дошт ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми сериёли «Дар орзуи падар» аст.

Осор

  • «Расми сарбозӣ» (1969).
  • «Дастархон» (1972),
  • «Нордбон» (1975),
  • «Ағба» (1978),
  • «Паҳно» (1981),
  • «Лангар» (1983),
  • «Пайи дарё» (1985),
  • «Чашми нигин» (1988),
  • «Табхола» (1992 г.);
  • «Туву хубиву раъноӣ»,

Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи «Звезда Улугбека» (1981) ва «Безымянный родник» (1986) дар нашриёти «Советский писатель», Русия ва «Тень тутовника» (1989) дар Душанбе чоп шудаанд.

Суруди миллии Тоҷикистон

Суруди миллии Тоҷикистон, сурудаи Гулназар аст. Соли 1991 яке аз ашъори Гулназар ба унвони «Суруди миллии Тоҷикистон» ҷойгузии шеъри Абулқосим Лоҳутӣ шуд, ки дар тамҷиди мардуми рус ва давлати Шӯравӣ навишта шуда буд. «Суруди миллӣ»-и Гулназар дар ситоиши Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақиллу озод аст. Дар яке ду соли ахир «Суруди миллӣ» мавриди баҳсу гуфтугӯҳои расонаҳои Тоҷикистон буд. Гулназар мегӯяд, ки аз ин баҳсҳо хаста нашуда ва мунтазир аст бибинад, ки чи каси дигаре суруди миллии беҳтаре хоҳад навишт.

Ҷоизаҳо

  • Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1985),
  • Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода (1991),
  • Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994),
  • Шоири халқии Тоҷикистон (1995).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *