Чаро шамолак вазид?

Муаллиф: Ҷӯра Ҳошимӣ
Ношир: «Маориф ва фарҳанг»
Саҳифа: 20
Соли нашр: 2008
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 2,22 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 7 нафар

Дар бораи китоб:

Чигилак як гунаи шеър аст, ки адибони бисёр халқдои олам эҷод мекунанд, бисёр хонандагони хурдсол онро дӯст медоранд, бо шавқу ҳавас мехонанд ва азёд медонанд. Ин намуди шеър дар адабиёти рус бо номҳои ералаш ва небылица машҳур аст. Дар ин гуна шеърҳо воқеаҳои ғайритабиӣ, пасупеш, чаппаву роста, баръакс ва дарҳамбарҳам тасвир мешавад. Ин хусусияти чигилакҳо хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару хушёртар бошад, хондаашро мулоҳиза кунад ва ҳақиқатро аниқу дақиқ донад.

Ҳамин чигиливу печидагии ин намуди шеърро ба эътибор гирифта, муаллиф онро ба тоҷикӣ чигилак номидааст.


Дар бораи муаллиф:

Ҷӯра Ҳошимӣ — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990).

Зиндагинома

Ҷӯра Ҳошимӣ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар мактабҳоиКонибодом гирифта, соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти касбии Ҷӯра Ҳошимӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ дар Нашриёти давлатии «Ирфон» оғоз ёфта, минбаъд ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонииТоҷикистон, мудири бахши адабиёт ва санъатирӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»-и имрӯза), котиби масъули маҷаллаи «Чашма» ва сардабири ҳафтаномаи ҷумҳуриявии мактаббачагон – «Гул-гул», адои вазифа кардааст. Аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Чакидаҳои хомаи ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ аз соли 1965 ба табъ расида, ҳамчун шоир ба майдони адабиёт аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ворид гардидааст. Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

Китобҳои ашъори ӯ «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии Абдумалик Баҳорӣ, 1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як-як то лак-лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), ««Ре» мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғ. дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи насли наврас мақоми шоён доранд. Силсилаи ашъори ватандӯстонаи ӯ «Хатти амонӣ» (1989) раҳовардест аз даврони аскарӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ, анҷом додааст. Ҳамроҳи оҳангсозони шуҳратманди ҷумҳурӣ, монанди Ш. Сайфиддинов, Ҷ. Охундзода, Қ. Яҳёзода, Х. Абдулло, З. Зулфиқоров, Зарина Миршакар, Ҷ. Обидпур ва диг. барои кӯдакону наврасон як қатор сурудҳои ҷолиб офаридааст. Намунаҳои эҷодиёти ӯ ба китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагониву донишкадаҳои олӣ ворид гаштаанд. Беҳтарин шеърҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд ва худи ӯ дар баргардони ашъори шоирони халқҳои гуногуни ҷаҳон ба тоҷикӣ саҳми арзанда дорад.

Ҷоизаҳо

  • Нишони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1982);
  • Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994);
  • Медали тилои Хазинаи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1998);
  • Медали «Хидмати шоиста» (2003);
  • Нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2009);
  • Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *