Афсонаи Тиллонур

Муаллиф: Латофат
Ношир: ТҒД «Истиқбол»
Саҳифа: 32
Соли нашр: 2004
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл:  19,90 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 16 нафар

Дар бораи китоб:

Намоишнома баро кӯдакони синни мактабӣ…


Дар бораи муаллиф:

Латофат Кенҷаева (тахаллуси шоирӣ Сабрин) — шоир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Зиндагинома

Латофат Кенҷаева 8 Июн соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи № 1 ноҳия соли 1967 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДДТ) дохил мешавад (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон). Ӯ шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло тамом карда (1972) дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, шуъбаи адабӣ-драмавӣ кор кардааст. Филиали дар Тошканд будаи Институти радио ва телевизиони умумииттифоқиро (с.1972) хатм намудааст. Аз соли 1981 ба ҳайси сардабир дар маҷаллаи ҷавонону наврасон “Истиқбол” (собиқ “Машъал”) кор мекунад. Соли 1996 назди маҷалла Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳуриро бо номи “Истиқбол” таъсис дод, ки он соли 2008 номи ТҶБ (Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ)-ро гирифт ва раиси он мебошад.

Эҷодиёт

Ҳанӯз аз давраҳои мактабӣ машқи шеър мекарду шеърҳои бачагона менавишт. Намунаҳои шеъру ҳикояҳои Латофат Кенҷаева зиёд дар матбуоти давр, дар китоби “Тазкираи адабиёти бачагон” ва чандин маҷмӯаи дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Китоби Латофат Кенҷаева “Сандуқчаи марворид” ороста аз тезгӯяку чистон ва бозиҷою кистонҳо дар шакли шеър, барои бачагон эҷод шуда, соли 1997 ба табъ расидю Ин китоб бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 чун дастури омӯзишӣ барои мактаби миёна тасдиқ шудааст. Мактаббачагони тоҷик аз ин китоб зиёд истифода мекунанд, ки гувоҳи он се нашр чоп шуданаш мебошад. Дигар аз асарҳои назмию насрии Латофат Кенҷаева дар маҷмӯаҳои

  1. “Лолаарӯсак” (1980),
  2. “Таронаҳо” (1982),
  3. “Марҷони ранга” (1986),
  4. “Шарораи хотираҳо” (1990),
  5. “Сандуқчаи марворид” (1997),
  6. “Рози шабнам” (2000),
  7. “Мусича ва Дурдона” (2003),
  8. “Оҳи гусаста” (2003),
  9. “Нома ба бародар” (2005),
  10. “Гурбаи Сомон ва ҷӯҷаи Ораш” (2005),
  11. “Наҷотбахши дунё кист?” (2005),
  12. “Қофиябозӣ 1-2” (2006),
  13. “Шеърҳо” (2009),
  14. “Хилвати гесӯ” (2009),
  15. “Фариштае ба нури орзу” (2009),
  16. “Афсонаи Тилонур” (2010),
  17. “Гаҳвораҷунбон” (2010),
  18. “Саргузашти чуҷаи доно” (2012),
  19. “Қофиябозӣ – 10” (2013),
  20. “Мӯрчаяки баднафс” (2013),
  21. “Зиёфат” (2013),
  22. “Афсонаи 10” (2013),
  23. “Бозии рустшавакон” (2013),
  24. “Шукрон, куҷоӣ?” (2014),
  25. “Очабузи Шоҳона” (2014),
  26. “Садбарги ҳае” (2014) ва дигар фароҳам омадаанд, ки ҳам барои кӯдакону навҷавонон ва ҳам барои насли калонсол офарида шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *