Дар бораи китоб:
Ҳунарҳои мардумӣ пешаи қадимии мардуми мост. Истеҳсоли матоъҳои либосворӣ ва гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, зару зевари ороишӣ, ашёи рӯзгор ва кулолӣ, гилембофӣ ва ғайра пеш аз милод ба вуҷуд омадаанд. Дар ҳамон давраҳо маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ба кишварҳои дунё бурда мешуд.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.