Дар бораи китоб:
Ҳар лаҳза аз замин ба фазо дуду чангу газу буғ хориҷ мешавад. Ин ҳама хеле боло рафта, дар ҷое қарор мегиранд ва онҷоро олимон «газҳои гармхонаӣ» меноманд. «Газҳои гармхонаӣ» дар фазои замин мисли сарпӯши деганд. Онҳо гармии зиёдатии
сайёраро боло рафтан намемонанд. Дар натиҷа ҳаво метафсад, боду ҳаво тағйир меёбад, хушксолӣ мешавад, боронҳои шадид меборанд…
Дар ин китоб муаллиф моро аз ҳамин хусус огоҳ кардааст, то пеши роҳи фалокат ва ҳодисаҳои нохушро дар табиат гирифта тавонем.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.