Дар бораи китоб:
Одамон, ҳайвонот, парандаҳо ҳаворо нафас мекашанд. Пас ҳаво бояд тоза бошад. Аммо ҳамеша чунин нест. Дуде, ки аз мӯрии хона ва коргоҳҳо берун меравад, чангу гарде, ки шамол меорад, ҳаворо сахт ифлос мекунанд. Ба ин ҳама дуди ғализи мошин, қатора ва ҳавопаймо бешумор ҳар замон зам мешавад. Аз ин сабаб тоза нигоҳ доштани ҳаво кори душвор аст. Дар ин кор ҳама, ҳар кас бояд ҳисса гузорад. Бо ҳамин мақсад муаллифи китоб ба хонандагон чанд маслиҳат додааст. Риояи онҳо боиси тоза ё камтар ифлос шудани ҳаво хоҳад шуд.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.