Дар бораи китоб:
Дар зери об чӣ бошад? Сангу сангреза. Боз чӣ? Боз?… Дуруст, моҳӣ! Моҳӣ ҳайвони зебои обист. Аммо баъзе моҳичаҳо басо хушранг мешаванд. Пулакчаҳояшон пур аз нақшу нигор аст. Аз тамошои онҳо чашм сер намешавад. Номҳои аҷоиб низ доранд. Дар ин китобча шумо бо чанд моҳича шинос мешавед, ки зеботарини моҳичаҳои оламанд.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.