Дар бораи китоб:
Пластик чист? Оё онро боре дидаед? Ба даст гирифтаед? Мешиносед? Ниҳоят чаро «Ҳама ҷо пластик» будааст? Дар ҳақиқат пластик дар ҳама ҷост. Пластик маводи зарури рӯгори мост. Вале муаллифони китоб ҳушдор ҳам додаанд, ки пластик зарарҳо дорад, балки заҳр аст. Пластик обу замину ҳаворо ифлосу заҳролуд менамояд. Аз ин сабаб одамону ҳайвоноту парандагон бемор ва моҳиҳо нобуд мешаванд. Пас чӣ бояд кард? Ин китоб ҷавоб аст ба ҳамин савол. Онро ҳама бояд бодиққат ва ҳар замон хонем.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.