Исмоил Зарифӣ

Зиндагинома

Исмоил Зарифӣ 16 майи соли 1955 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷекат таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1972, дар мактаби миёнаи №25 деҳа муаллимӣ кардааст. Соли 1974 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд.

Соли 1977 вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1982 онро бо баҳои аъло хатм кард. То соли 1995 дар макотиби миёнаи деҳаҳои Филмандару Косатарош омӯзгор ва аз соли 1995 дар Корхонаи тилои «Зарафшон» кор машғли кор буд.

Ду навбат вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Панҷекат интихоб шудааст.

Шеъри аввалинаш соли 1984 пешкаши хонандагон гардида, ашъораш то имрӯз дар рӯзномаю маҷаллаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ чоп мешаванд.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Осор

Китобҳои алоҳидааш «Чамани хаёл» (1995), «Гули меҳр» (1996), «Дили шикаста» (1996), «Гулзори роз» (1997), «Кӯҳи Моҳтоб» (1997), «Зарофарин» (1998), «Гулрез» (1998), «Гулбонги андеша» (1999), «Моҷарои Карбало» (2000), «Гули доғ» (2001), «Падидаи хаёл» (2003), «Афсонаи зиндагӣ» (2004), «Сад сина алам дорам» (2007), «Мусибатнома» (2007), «Раҳоварди Ҳиҷоз» (2009), «Лаззати нигоҳ» (2009), «Мо дар ду ҷаҳон толиби дидори Худоем» (2009), «Дар пайраҳаи нур» (2011), «Таронаи ишқ» (2012), «Як каф ғазал» (2012), «Саду як ғазал» (2012) ва таҳияи чандин девони шоирон бо ҳиммати эшон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Панҷекат интишор ёфтаанд.

Осор