Иоҳан Волфганг Гёте

Иоҳа́нн Во́лфганг Гёте (аз соли 1782 фон Гёте, олмонӣ: Johann Wolfgang von Goethe; 28 августи 1749, Франкфурт ам Майн — 22 марти 1832, Веймар) — шоир, нависанда, намоишноманавис, наққош, муҳаққиқ, инсоншинос, файласуф ва сиёсатмадори олмонӣ. Мазҳари «асри тилоӣ»-и ҳикмату адаби олмонӣ, яке аз мардони бузурги фарҳангии асри XVIII ва XIX Аврупо (дар қатори Шекспир дар Англия, Ҳугу дар Фаронса ва Донте дар Итолиё ҳамчун чаҳор рукни адабиёти Аврупо шинохта мешавад) ва яке аз афроди барҷастаи адабиёти ҷаҳон.

Зиндагинома

Дар хонадони сарватманди соҳибмаърифат ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар назди устодони хусусӣ ба поён расонд; аз онҳо забонҳои юнонӣ, лотинӣ, итолиёӣ, англисӣ, яҳудӣ ва фаронсавиро аз худ карда, асрори мусиқию рассомиро омӯхт. Маълумоти ҳуқушиносиро дар ш.-ҳои Лейпсиг ва Страсбург гирифта, соҳиби унвони доктори ҳуқуқ гардид. Ӯ ба илмҳои табиӣ низ мароқ дошт. Нахустин маҷмӯаи ашъораш соли 1769 ба табъ расид. Аз замони шиносоияш бо И. Гёте Ҳердер дар соли 1770-75 эҷодиёти Гёте бо ҷараёни адабии «Тӯфону туғён» иртибот мегирад ва аз пешгомони ин ҷараён буд. Гёте бо тавсияи Ҳердер ба осори Шекспир, ҳамосаҳои олмонӣ ва таронаҳои мардумӣ ошно шуда, тавонист, ки имконоти ғании лирикаи манзаравиро ба намоиш гузорад («Суруди оворае дар тӯфон», 1771; «Раҳгузар», 1772). Дар драмаҳои таърихии «Гётс фон Берлихинген» (1773), «Эгмонт» (1778) бо истифода аз арзишҳои озодидӯстӣ қолибҳои анъанавии класситсизмро барҳам зад. Романи аввалини ӯ «Нокомиҳои Вертери ҷавон» (1774) дар Аврупо маъруф гардид. Дар он Гёте бар хилофи арзишҳои ратсионализми маорифпарварӣ, ҷаҳони эҳсосоти инсонро боз намуд.

Соли 1775 Гёте дар Веймар вазир ва мушовири дарбор таъйин шуд ва унвони «ашроф»-ро гирифт. Дар баробари хидмат дар давлат ба таҳқиқоти илмию адабӣ идома дод. Дар солҳои 1775-86 Гёте (дар баробари эҷоди шеърҳо (манзумаи «Шоҳи ҷангал»), марҳалаи тундравии даврони ҷавониро паси сар кард ва зарурати худмаҳдудкуниро дарк намуд («Марзҳои инсоният», 1780-81). Соли 1786 буҳрони ботинӣ ӯро ба сафари Итолиё маҷбур сохт. Табиати ин кишвар, ёдгориҳои давраи атиқаву эҳё (ренессанс) шавқи эҷодии Гёте-ро қавӣ намуданд; якуним соли иқомат дар Итолиё дар ботини ӯ таҳаввулоти азим ба бор овард. Дар ин ҳангом аз ҷунбиши «Тӯфону туғён» канора гирифт ва кӯшид, ки ба ормонҳои юнонии назму оромиш ва ҳамоҳангӣ даст ёбад. Бо бозгашти ӯ ба дарбори Герсог дар соли 1788 даврони класситсизми Веймар оғоз мегардад. Дар лирикаи ӯ «Марсияҳои Рим» (1788), дар драматургияаш — «Ифигения дар Таврида» (1787), «Торквато Тассо» (1789), дар насри ӯ — «Романи тарбиявӣ»-и «Солҳои шогирдии Вилҳелм Мейстер» (1796) ба тобиш даромаданд, ки дар онҳо масири бозгашти як адиби ҷавони аз хаёлпарастиҳо башӯромада, ба сӯи фаъолиятҳои ба нафъи мардум ба назар мерасад. Романи «Солҳои шогирдии Вилҳелм Мейстер» Гёте-ро дар саросари Аврупо машҳур кард. Дар ин давра Гёте бо Ф. Шиллер ошно шуд. Дар соли 1797 Гёте дар сабқат бо Шиллер як силсила шеъру манзума («Арӯси Коринф») ва достони «Ҳерман ва Доротея»-ро эҷод кард. Соли 1801 бахши якуми шоҳкори хеш — намоишномаи манзуми «Фауст»-ро ба поён расонд (1808 чоп шуд). Дар мақолаи «Винкелман» (1805) Гёте бори дигар талаботи эстетикии хешро, ки аз реша бо пантеизм ва зебопарастии ӯ ба антиқият бармегарданд, ташреҳ намуда, мухолифаташро бо романтикҳо таъкид кард. Дар романи оилавию маишии «Шабоҳатҳои хосса» (1809) психологизми зарифи ӯ таҷассум ёфтааст.

Ҳамзамон ашъори бисёр хуби лирикии Гёте арзи ҳастӣ намуданд, ки ба назми олмонӣ рӯҳи комилан нав бахшида, онро ба сурудҳои халқӣ наздик сохтанд. Дар тӯли зиндагӣ, шоир қариб 1600 шеър гуфтааст ва аксарияти онҳо дар қатори ашъори мардумӣ ёд мешаванд. Гёте дар шеър назарияи хосси худро дошт. Ба пиндори ӯ, шеъри беҳтарин ҳамонест, ки аз воқеият сарчашма мегирад: «Ҷаҳон бузургу пурсарват аст, ҳаёт низ басо рангоранг аст ва барои офаридани шеър дар он ваҷҳи муносиб басанда мебошад. Вале ҳама гуна шеър бояд ба муносибат (воқеа)-е гуфта шавад, яъне, ҷавҳару маводди онро воқеият ташкил диҳад. Воқеот барои он шакли оммавию шеърӣ мегиранд, ки шоир онҳоро ташхис медиҳад. Ҳамаи шеърҳои ман ба муносибате гуфта шуда, аз воқеият ибтидо мегиранд, аз ин рӯ дорои замина мебошанд; ман ҳаргиз шеъри хаёлию бофта намегӯям».

Эҷод

Гёте солҳои охири зиндагӣ ба навиштани осори мансури тарҷумаиҳолӣ саргарм шуд («Назм ва ҳақиқат. Аз зиндагии ман», 1811-14; «Саёҳати Итолиё», 1816-17) ва ба иншои романи «Солҳои саргардонии Вилҳелм Майстер» (1821) пардохт. Вай солҳои 1792-93 дар ҷангҳои Пруссия бо Фаронса ширкат кард ва пас аз бист сол хотиротеро роҷеъ ба ин ҷангҳо навишт. Дар соли 1831 таълифи бахши дуввуми умдатарин асари хеш — намоишномаи манзуми «Фауст»-ро ба поён расонд ва дар он афкори баландашро дар боби роҳҳои мақсуди инсоният ҷамъбаст карда, таъсири фарҳангу эътиқодро бар ақлу қудрати созандагии инсон бозтоб намуд. «Фауст», ки дар фосилаҳо миёни дигар осори Гёте, дар замони беш аз 50 сол навишта шуд, таҳаввули андешаву шахсияти ин мутафаккирро аз ҷавонӣ то пирӣ мунъакис мекунад. Ду бахши ин асари шарҳиҳолӣ ба сабаби омилҳои дохилие, ки айёми навиштани онҳо рух додааст, байни худ комилан шабоҳате надоранд; бахши нахуст бо сабки романтикӣ ва дуввумӣ бо сабки классикист. Қаҳрамони аслии ин асар — Фауст, монанди худи Гёте барои ноил шудан ба камоли мақсуд талош мекунад, вале умдатан таслими бадӣ мешавад, ҳарчанд ки ҳаргиз дилбастаи он нест ва эътиқоди худро ба хубию ростӣ аз даст намедиҳад. Шикасти ӯ дар ҷустуҷӯи маърифати мутлақ ба навмедӣ меанҷомад ва фақат зиндагии саршор аз кори муфид мояи раҳоии ӯст.

Мероси бузурги Гёте, ба ғайр аз таълифоти адабӣ, осори марбут ба улуми табиатшиносиро дар бар мегиранд; асарҳои ӯ оид ба морфологияи ҳайвоноту рустаниҳо (як қатор ҳолати назарияи эволютсиониро пешбинӣ кард), минералогия, акустика ва оптика аҳаммияти худро гум накардаанд. Ҳамчунин, дар ин миён, маълумоти азим дар заминаи донишҳои гуногун — пизишкӣ, гиёҳшиносӣ, маъдан, зисту сохторшиносӣ, инчунин фалсафа, хоcса, назарияи ваҳдати вуҷуди Спинозаро гирд оварда буд, ки вайро ҳамчун донишманди ҷомеашинос низ муаррифӣ намуд. «Таҷрибаҳо оид ба табдили рустаниҳо» (1790) ва «Таълимот дар бораи рангҳо» (1810) аз он ҷумлаи осори ӯянд.

Гёте чун нобиғаи илму адаб пиромуни ҷабҳаҳои мухталифи рӯзгори инсону донистаниҳои олами атрофи он осори зиёди реалистӣ, романтикӣ, классикию рамзие дар камоли беназири нависандагӣ таълиф намуд, ки ба иттифоқи назари муҳаққиқон, аз ҷумлаи падидаҳои нодири адабиёти ҷаҳонӣ ва ганҷинаи арзишҳои бадеии инсониятанд. Ӯ дар роҳи таълиф танҳо пайгири як ҳадаф буд: дарки моҳияти ҳаёт ва бармало сохтани зиддиятҳои он.

Гёте дар тамоми даврони ҳаёти адабию илмиаш бо фарҳанги сарзаминҳои бегона сарукор дошт ва ғолибан бардоштҳои худро аз онҳо дар қолиби назм месуруд ва ё мавриди пажӯҳиш қарор медод. Ӯ аз айёми ҷавонӣ ба шарқ ва ҳикмату адаби баландпояву деринсоли он алоқаманд буд. Таврот ҷузви китобҳои дарсии Гёте буд, ки ҳангоми таҳсил дар хона онро шинохт. Қуръонро низ аз рӯи тарҷумаи олмонӣ мутолиа кард. Омӯзиши ин ду китоби осмонӣ, ба вижа Қуръон, илҳомбахши вай дар сурудани бисёре аз қитъаҳои девонаш (назири Асҳоби Каҳф, Худои Иброҳим ва Муҳаммад) буд. Гёте аз достонҳои «Ҳазору як шаб», сафарномаҳои гуногун ба машриқзамин иттилоъ дошт, намоишномаи «Муҳаммад»-и Волтерро ба олмонӣ тарҷума карду худ низ бо ҳамин ном намоишномаеро тарҳрезӣ намуд ва дар мулоқот бо Наполеон (1808) ба тафсил аз он сухан меронад. Барои мукаммал фаро гирифтани забонҳои арабию форсӣ кӯшид ва аз дастнавиштҳояш («Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» ва сураи 114-уми «Қуръон» ба хатти зебои арабӣ) пайдост, ки дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст. Гёте ҳамчунин бо ойини бостонии ҳинду низ ошно шуд; пас аз ошноӣ маҷзуби афсонаҳои «Рамаяна» ва қаҳрамонҳои он Рамаву Сито гардид ва саранҷом намоишномае бар пояи ин ҳамосаи ҳиндӣ навишт. Дар 42-солагӣ, дар айни авҷи шуҳраташ дар Олмону Аврупо, ба адабиёти форсӣ ошно гашт ва нахустин асаре, ки ӯро ба форсӣ пайванд дод, «Гулистон»-и Саъдӣ буд, ки онро танҳо ба унвони намунае аз адабу ҳикмати Шарқ хонд ва писандид. «Гулистон» баъдҳо илҳомбахши девони Гёте шуд. Аз паи ин тарҷумаи «Лайлию Маҷнун»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавиро мутолиа кард. Ин ду асар Гёте-ро ба адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бештар мутаваҷҷеҳ сохтанд ва аз инҳо низ дар сурудани ашъораш баҳраҳо бурд; ҳамчунин ба ирфони машриқзамин, осори Анварию Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ) ошно шуд. Дар он давра хастагию ошуфтагию нобасомонӣ домангири Аврупо буд; ин ба рӯҳияи Гёте низ беасар намонд ва ӯ барои раҳоӣ аз ин парешонӣ ба суроғи Шарқу ҳикмати рӯҳафзои он рафт. Соли 1814 Кото — ношири китобҳои Гёте, девони Ҳофизи Шерозиро дар баргардони олмонии Ҳаммер-Пургштал дар ду ҷилд ба ӯ фиристод. Мутолиаи осори Ҳофиз рӯҳи тозае бар вуҷуди ӯ дамонд ва чунонки навишт: «Ногаҳон бо атри осмонии Шарқу насими рӯҳпарвари абадият ошно шудам, ки аз даштҳову биёбонҳои эронӣ мевазид…». Тарҷумаи Ҳаммер-Пургштал нақси зиёд дошт, аммо ин костагиҳо ба Гёте монеае барои шинохти Ҳофиз падид наовард. Гёте, он гуна ки худ иқрор кардааст, ҳар ғазали Ҳофизро то даҳ бор мехонд, то он ҳад, ки фаротар аз вожаҳо, истиороти Ҳофизро мефаҳмид ва мафтуни шевоии баёну андешаи Ҳофиз шуда буд. «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-и ӯ самараи чунин ихлоси самимии вай бо Ҳофиз мебошад. Ин асар фарогири силсилае аз шеърҳои гуногуни Гёте мебошад, ки шаклан ба ашъори шоирони Шарқ шабоҳат доранд. Шоир баъдтар ба «Девони ғарбӣ-шарқӣ» бахши мансури «Ёддоштҳову мақолот баҳри дарки беҳтари девон»-ро илова намуд, ки ҳамроҳ бо девон соли 1828 чоп шуд. Гёте бо ҳамаи ҳушмандӣ, эҷодкорию навпардозиҳои беназираш орзу дошт, ки ба Ҳофиз тақлид кунад. Дар бахши ёддоштҳову мақолоти девон Гёте мегӯяд: «Ҳофизо, орзу дорам… нахуст ба маънӣ андешаму он гоҳ пироҳани алфози зебо бар он бипӯшонам…, то шеъре чун ту, эй шоири шоирони ҷаҳон, суруда бошам!…».

Гёте шоири ҷаҳони ғарб — Аврупо буд, бо вуҷуди дар таъсири адабиёти форс-тоҷик, адабиёти Шарқ эҷод кардан ба ашъори «Девон» образҳои ғарбӣ, андешаронии ғарбиро низ ҷой додааст. Аз ин ҷост, ки «Девон»-и Гёте-ро синтези шеърияти Ғарбу Шарқ гуфтаанд. Як далели таваҷҷуҳи Гёте ба адабиёти форс-тоҷик ба мисли анъанаҳои дар ин адабиёт ва эҷодиёти намояндагони он маъмул «Девон» ном ниҳодани асараш мебошад; дуввум, ӯ кӯшидааст шеърҳояш ба мисли Ҳофиз ғазал бошанд (ғазалгуна суруда шаванд). Севвум, Гёте аз унвонҳои дар девони Ҳофиз овардашуда истифода бурда, шеърҳояшро зери унвонҳои «Муғаннинома», «Ҳофизнома», «Ишқнома», «Тафкирнома», «Ранҷнома», «Ҳикматнома», «Темурнома», «Зулайхонома», «Соқинома», «Масалнома», «Порсинома», «Хулднома» овардааст. Чорум, тарзи ифода, образҳо (суратҳо)-и шеъри Гёте шарқианд, дар тақлиду татаббуи Ҳофиз гуфта шудаанд. Дар бисёре аз абёти девони Гёте айни суханони Ҳофиз такрор шудааст. Ҳофиз барои Гёте, «рӯҳе тоза», «дунёе тоза» ва «шӯру шавқе тоза» ба армуғон овард, барои он ки ӯро бо фазои воқеан пур аз ҳикмати Шарқ, бо зебоии фалсафа ва завқу андешаи Эрон ошно кард.

Тарҷумаи осор

Тарҷумаи осори Гёте ба забони тоҷикӣ аз солҳои 60 асри 20 оғоз шудааст. Адибони тоҷик С. Ҳалимшо, Ш. Раҳим, Лоиқ Шералӣ, Ҳ. Файзулло, М. Миршакар, Фарзона, О. Исматӣ ва дигарон намунаҳо аз ашъори ӯро тарҷумаву нашр кардаанд. Мутарҷими тоҷик Шералӣ Раҳим соли 1996 асари Гёте «Нокомиҳои Вертери ҷавон» ва қисмате аз бахши “Ёддоштҳо ва мақолот баҳри фаҳми беҳтари «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-ро таҳти унвони “Шарҳе ба «Девони ғарбӣ-шарқӣ» аз олмонӣ ба тоҷикӣ баргардону чоп кард. Маҷмӯаи “Аз «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-и Гёте бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва олмонӣ) бо пешгуфтор ва таҳияи проф. Матлубаи Мирзоюнус соли 2007 дар ш. Хуҷанд ба табъ расид. Матни комили «Девони ғарбӣ-шарқӣ» ҳамроҳ бо бахши ёддоштҳо ва мақолот баҳри дарки беҳтари он, инчунин замимаҳои муҳим — ҳамаи ашъори то ин дам ба тоҷикӣ тарҷумашудаи Гёте, мақолаҳо дар хусуси «Девони ғарбӣ-шарқӣ», мусоҳиба бо мутарҷими китоб аз олмонӣ ба форсӣ соли 2011 ба кӯшиши Ш. Шокирзода ва П. Замонӣ аз ҷониби нашриёти «Адиб» нашр шуд. Перомуни вижагиҳои осори Гёте донишмандони тоҷик, аз ҷумла, И. С. Брагинский, Р. Амонов, А. Абдуманнонов, Ш. Мухтор, Р. Деҳотӣ, А. Сатторзода, Т. Атахонов, Б. Раҳмонов, Д. Дӯстов, Р. Қудратов, С. Қарахонов ва дигарон нақду баррасиҳои арзишманд анҷом додаанд.

Осор

  • «Нокомиҳои Вертери ҷавон». “Шарҳе ба «Девони ғарбӣ-шарқӣ». Д., 1996;
  • “Аз «Девони ғарбӣ-шарқӣ». Хуҷанд, 2007; «Девони ғарбӣ-шарқӣ». Д., 2011;
  • Собрание сочинений. Т. 1-13. М., ‒Л., 1932-49;
  • Избранные труды по естествознанию. М., 1957.
  • Собрание сочинений. Т. 1-10. М., 1975 −80; Werke. Bd/ 1 — 33. Weimar, 1887—1919.

Шоир, нависанда ва мутафаккири барҷастаи Олмон ва ҷаҳон Иоҳанн Волфганг Гёте (1749-1832) дар тӯли умри ҳаштодусесолаи худ дар ҷодаи адабиёт, илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ заҳмати зиёди пурсамар ба харҷ додааст. Мероси бозмондаи адабии ӯ хеле зиёд ва аз лиҳози жанру мавзӯъ гуногун аст. Ӯ муаллифи шеърҳои зиёди лирикӣ, чандин роман ва асарҳои драмавӣ, рисолаҳо роҷеъ ба табиатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ мебошад.

Ҳаёт ва фаъолияти Гётеро ба ягон давраи муайяни таърихи адабиёт мансуб донистан ҷоиз нест. Оғози эҷодиёти ӯ ба давраи маорифпарварӣ рост меояд, ки ҳадафи аслиаш танқиди шадиди ҷабҳаҳои гуногуни зиндагии ҷомеа буд. Дар Инглистон ифшогарони ҷасури беадолатиҳои мавҷуда нависандагон Свифт, Филдинг ва Голсмит буданд. Дар Фаронса мутафаккирони барҷаста Волтер, Дидро ва Руссо ба майдон омаданд. Дар Олмон дар ин ҷабҳа пештар аз Гёте нависандаи маорифпарвар Г.Э.Лессинг – муаллифи масалҳо, маҳзака ва асарҳои саҳнавӣ, файласуф, мунаққиди адабӣ ва санъатшинос қарор дошт.

Олмон дар даврони зиндагии Гёте давлати ягона набуд ва аз парокандагии герсог(князҳои мулкдор)-у ландграф (мақомоти маҳаллии ҳокимият)-ҳои майдаи бешумор азият мекашид; ҳамаи онҳо расман ба империяи Муқаддаси Рими олмонӣ муттаҳид мешуданд, ки маъмулан онро сипаҳсолор (император)-и интихобшуда аз ҷониби шоҳи утришӣ (австриягӣ) идора мекард. Вале ҳар кадом ҳокими давлати хурд қаламравашро мутобиқи раъйи худ идора намуда, дар ҳаққи деҳқонону шаҳрнишинон ҷабру ситамро раво медид. Дар мамлакат чандин шаҳрҳои озод арзи ҳастӣ намуданд, ки бевосита ба сипаҳсолор итоат мекарданд ва мустақилона идора мешуданд. Гёте дар як чунин шаҳри озод – Франкфурти лаби Майн дар оилаи шаҳриёни сарватманд ба дунё омад. Падари ӯ ҳуқуқдон буд ва тарбияи писараш Волфганг ва хоҳари хурдиаш Корнелияро шахсан ба ӯҳда гирифт, ба онҳо муаллимони хубро вобаста кард ва барои маълумоти кофӣ гирифтанашон мусоидат намуд.

Гёте дар ҳаштсолагиаш бо забонҳои қадим ва забонҳои асосии нав ошно буд ва бо роҳнамоии падар ба таълифи мақолаҳои фалсафӣ, афсонаву шеърҳо оғоз намуд ва ҳатто бо услуби фаронсавӣ асари фоҷиавӣ навишт. Дар шонздаҳсолагӣ Гёте донишҷӯи факултаи ҳуқуқи донишгоҳи Лейпсиг гардид, вале аз сабаби беморӣ натавонист то ба охир таҳсилро идома диҳад ва ба зодгоҳаш баргашт. Баъди комилан шифо ёфтан ӯ барои анҷом додани таҳсил озими Страсбург гардид ва дар он ҷо ба дарёфти унвони доктори ҳуқуқ мушарраф гардид. Ба шогирдони донишгоҳи Лейпсиг ходимони маъруфи давраи маорифпарварии Олмон Готшед ва Геллерт дарс мегуфтанд, дар Страсбург Гёте бо файласуф ва нависандаи ҷавон И.Г.Гердер ошно шуд ва ин вохӯрӣ дар ташаккули зеҳну андешааш таъсири амиқ гузошт. Бисёр вақт мубоҳисаҳои эшон то дами субҳ идома меёфтанд.

Гердер дар хусуси зарурати ворид намудани тозакориҳо ба назми олмонӣ дар заминаи андешаи миллӣ ҳарф мезад ва минбаъд кӯшишҳои Гёте дар ин самт самараи беҳин ба бор оварданд. Гёте дар бистучорсолагиаш драмаи «Гетс фон Берлихинген»-ро таълиф намуд ва дар он симои паҳлавони исёнкори қарни ХV1-ро, ки барои адолат мубориза мебарад, ба таври барҷаста ба риштаи тасвир кашид. Дар синни биступанҷ романи аввалини ӯ «Азияти Вертери ҷавон» чоп шуд ва ба муаллиф шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Он дар асоси фоҷиаи шахсии нависанда таълиф шудааст: Гёте Шарлотта Буфф – духтари савдогари ветслариро дӯст медорад, вале ӯ шахси дигарро афзалтар меҳисобад. Дар ҳамин айём як ҷавонмарди дар ҷодаи ишқ бебарор даст ба худкушӣ мезанад ва ин воқеа ба нависанда баҳри кушодани гиреҳҳои фоҷиаи Вертер кӯмак расонидааст.

Таваҷҷӯҳ ба ин роман на ба он хотир, ки аз таърихи ишқ ҳикоят мекунад, балки ба туфайли забони зиндаву беолоиши ғайримаъмулӣ ва саршор аз андешаву ҳиссиёти муосир бештар гардид. «Азияти Вертери ҷавон» дар кӯтоҳтарин фурсат ба ҳамаи забонҳои аврупоӣ тарҷума ва чоп шуд. Наполеони ҷавон ин китобро ҳафт маротиба мутолиа кард ва дар муҳорибаҳо онро ҳамроҳи худ мегирифт.

Ҳамзамон ашъори бисёр хуби лирикии Гёте арзи ҳастӣ намуданд, ки ба назми олмонӣ рӯҳи комилан нав бахшида, онро ба сурудҳои халқӣ наздик сохтанд. Дар тӯли зиндагӣ шоир қариб 1600 шеър гуфта ва аксари онҳо дар қатори ашъори мардумӣ ёд мешаванд. Гёте дар шеър назарияи хосси худро дошт. Ба пиндори ӯ, шеъри беҳтарин ҳамонест, ки аз воқеият сарчашма мегирад: «Ҷаҳон бузург ва пурсарват аст, ҳаёт низ хеле гуногунранг аст ва барои офаридани шеър дар он ваҷҳи муносиб басанда мебошад. Вале ҳамаи ашъор бояд ба муносибат(воқеа)-е гуфта шаванд, яъне ҷавҳар ва маводи онро воқеият ташкил диҳад. Воқеаи алоҳида аз он боис шакли оммавӣ ва шеърӣ мегирад, ки аз ҷониби шоир ташхис мешавад. Ҳамаи шеърҳои ман ба муносибате гуфта шудаанд, аз воқеият сарчашма мегиранд ва аз ҳамин боис дорои замина мебошанд, ман ҳаргиз шеъри бофта (ҳавоӣ) намегӯям».

Ғайри интизор ҳокими ҷавони Саксен-Веймар Гётеро ба пойтахти давлати хурди худ даъват намуд. Тирамоҳи соли 1776 шоир аввал ба сифати меҳмон ба Веймар омад ва баъдан барои ҳамеша дар ин шаҳр зиндагӣ ихтиёр кард. Ҳоким Карл Август, ки аз Гёте ҳафт сол ҷавонтар буд, ӯро вазири худ баргузид. Нависанда ба умеди он ки ақаллан дар ин давлати хурдакак баҳри беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум кӯмаке расонида тавонад, ин таъйинотро пазируфт.

Гёте дар арсаи давлатдорӣ даҳ сол ифои вазифа намуд ва ахиран ба хулосае омад, ки беҳбудҳои ҷузъӣ асосҳои сохтори ҷомеаро иваз карда наметавонанд. Аз ҳамин боис, аз фаъолияти минбаъда дар ин ҷода даст кашид ва бо иҷозаи ҳоким озими Италия шуд, то дар он ҷо ба корҳои адабиву фарҳангӣ машғул бишавад.

Солҳои 1786-1788, замоне ки Гёте дар Италия буд, ибтидои давраи нави ҳаёт ва эҷодиёти ӯ маҳсуб мешаванд. Гёте дар ин ҷо чандин асари қаблан оғознамудаашро ба анҷом расонид. Ба ақидаи ӯ, баҳри маърифатнокии мардум ҷаҳди бештаре кардан лозим аст. Асарҳое бояд офарида шаванд, ки чашми мардумро ба зиддиятҳои ҳаёт кушода, онҳоро ба талош баҳри зиндагии хубтару беҳтар таҳрик бахшанд. Минҷумла, Гёте бар ин назар аст, ки дар такомули маънавии мардум нақши тарбияи эстетикӣ хеле муҳим аст. Аз ҳамин боис, боястӣ баҳри офаридани асарҳое кӯшид, ки зебоӣ ва хушоҳангии ҳаётро ифода карда тавонанд. Барои ӯ намунаи чунин зебоӣ осори атиқа – фарҳанги ахлоқӣ ва бадеии Юнону Рими қадим ба шумор мерафтанд.

Дар ин ҷода Гётеро адиби дигари барҷастаи олмонӣ Фридрих Шиллер (1759 – 1805) ҷонибдорӣ кард. Ӯ низ ба Веймар омад ва бо Гёте қаробат ҷуст ва онҳо якҷоя барномаи тарбияи эстетикии мардумро мураттаб намуданд. Самти умумии эҷодиёти ин адибон дар охири асри ХV111 ва оғози асри Х1Х «класситсизми Веймар» унвон гирифта буд. Дар айёми ҷавонӣ жанри манзума (баллада) таваҷҷӯҳи Гётеро ба худ ҷалб намуд ва ба ҳамин ваҷҳ як силсила манзума навишт.

Баъди бозгашт аз Италия драмаҳои «Ифигения дар Таврид» (1788), «Эгмонт» (1789), «Торквато Тассо» (1790), достонҳои «Рейнеке-Лис» (1794) ва «Герман ва Доротей» (1797), романи «Солҳои таҳсили Вилгелм Майстер» (1795-1796)-и Гёте чоп шуданд. Афкори гуногун-ҷабҳаву пурвусъат ва камолоти адабии Гёте дар айёми зиндагиаш аз ҷониби доираи васеъи мардум эътироф гардид. Ӯ дар осори худ ғояҳои гуманистиро тарғиб намуда, симои қаҳрамонҳоеро офарид, ки дар худ мақсад-ҳои наҷиби инсонӣ – накӯкорӣ, мардонагӣ, муҳаббат ва зебоиро таҷассум менамоянд. Гёте ҷонибдори роҳи осоиштаи ислоҳоти ҷомеа мебошад.

Дар солҳои қаробат бо Шиллер Гёте бо исрори дӯсташ баҳри ба итмом расонидани асари қаблан ғознамудааш – қисми аввали «Фауст» пардохт ва он соли 1808 чоп шуд. Ҳамзамон шоир таълифи ашъори гуногуни лирикиро низ идома дод. Гёте пояи аслии ҳастии инсонро ба мавҷудияти ишқу муҳаббат вобаста медонад. Ҳарчанд ӯ баъзан таъкид мекунад, ки «муҳаббат монои хоб аст» ва «инсон боястӣ аз хоб бедор шавад».

Гёте дар тӯли умр бонувони зиёдеро дӯст доштааст. Дӯстдоштаҳои ӯ Фредерика Брион, Лили Шенеман, Шарлотта фон Штейн, Марианна фон Виллемер ва дигарон буданд. Дар айёми пирӣ Гёте дар боғи Веймар бо духтари ҷавон Христина Кулпиус вохӯрд, дақиқтараш, духтар аз ӯ хоҳиш намуд, ки шеърҳои бародарашро бихонад. Шеърҳо суст, вале духтар хеле зебо буд ва дили шоир ба ҳаяҷон омад. Ӯ дар симои ин духтар наҷобати занонаро эҳсос намуд ва онҳо бо ҳамдигар аҳди заношӯӣ бастанд. Христиана чун аз аҳли хонаводаи одӣ буд, ин пайванд бисёриҳоро мутаҳаййир намуд, вале Гёте ҳам аз ҳамсари ҷавон ва ҳам аз рӯҳу илҳоми баргирифта аз ӯ, ки боиси эҷоди силсилаи ашъори «Муноҷоти Рим» гардиданд, ниҳоят шод буд. Ин китоб идомаи мантиқии ан-ъанаи назми ошиқонаи шоирони атиқаи Рим – Катулла, Тибулла, Проперсия мебошад.

Ҳамчунин баъдтар «Девони ғарбӣ-шарқӣ» (1819) – силсилаи шеърҳои гуногуни аз ҷиҳати шакл наздик ба аш-ъори шоирони шарқии Гёте арзи вуҷуд намуд. Пайдо шудани тарҷумаҳои олмонии ғазалҳои шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби Ҳаммер-Пургштал илҳомбахш ва таҳрикдиҳандаи асосии Гёте дар офаридани «Девони ғарбӣ-шарқӣ» будааст. Шоири олмонӣ соли 1813, замоне ки лашкаркаши фаронсавӣ Наполеон дар муҳорибаҳояш шикаст хӯрд, ба таълифи ин силсила оғоз намуд. Дар вазъияти пуризтироби ҳарбӣ ва сиёсӣ Гёте ба мавзӯъҳои ҷовидонӣ – муҳаббат ва дӯстӣ муроҷиат намуда, дар бораи муносибати инсон ба олами атроф ва табиат изҳори ақида мекунад. Қаҳрамони лирикии ин ашъор шоири пуртаҷрибаест, ки нисбияти бисёр арзишҳоро хуб дарк мекунад, вале ба зебоиҳои ҷаҳон ва мақоми муаззами инсон эътимоди қавӣ дорад. Ӯ ба олами атроф холисона менигарад, вале аз бадиҳои мавҷуда ба хашм меояд.

Дар ин силсилаи ашъори Гёте низ мавзӯи ишқ ҷои асосиро ишғол мекунад. Шоир барои худ номи шарқии Ҳотамро интихоб намуда, маъшуқаи худ Марианна Виллемерро бо номи Зулайхо зикр мекунад. Воқеан, ин зан қобилияти хуби эҷодӣ дошт ва ба номаҳои Гёте бо шеър ҷавоб мегуфт ва шоир онҳоро бе таҳрир дар «Девони ғарбӣшарқӣ» аз номи Зулайхо овардааст. Ин силсила падидаи муҳими некхоҳии ҳаётдӯстонаест, ки дар солҳои камолоти умр ба Гёте мутааллиқ мебошад.

Дар солҳои минбаъда Гёте романҳои «Шабоҳати интихоб» (1809), «Солҳои мусофирати Вилгелм Майстер» (1829) ва асарҳои ҳасбиҳолии «Аз ҳаёти ман. Назм ва ҳақиқат» (1814-1824), «Саёҳат ба Италия» (1816-1817), «Маърака дар Фаронса» ва «Муҳосираи Майнс» (1822)-ро таълиф намуд. Гёте дар солҳои охири умраш баҳри ба итмом расонидани асари «Фауст» ҷаҳду талош намуд. Бад-ин манзур солҳои 1825-1831 шоир таълифи қисмати дуввуми «Фауст»-ро ба охир расонд ва он соли 1832, пас аз марги Гёте чоп шуд. Гёте бо асарҳояш дар адабиёти давраи нави Олмон роҳкушоӣ намуд. Ӯ дар адабиёти замони худ яке аз ҷойҳои ифтихориро ишғол карда, барои асрҳои минбаъда мероси боарзише ба ёдгор гузошт.

Адиби гуманист дар асарҳояш ақидаи ташаккули тадриҷӣ ва камоло ти инсон баҳри идроки ҷаҳони ҳастӣ, дарёфти неъматҳои заминӣ ва ба нафъи инсоният истифода бурдани онҳоро талқин намудааст. Ҳамзамон Гёте андешаи мукаммал будани ҳаётро пазиро нест. Ӯ ба умқи воқеият ворид гардида, тазодҳои ҷомеа, мураккабии атвор ва сарнавиштро ба мушоҳида мегирад. Ҳаёт дар асарҳои Гёте бо тамоми зебоиву шаҳоматаш инъикос меёбад, вале он аз зиддият, мубориза ва мушкилот орӣ нест.

Симои инсонҳое, ки Гёте офаридааст, хеле гуногун мебошанд. Ӯ корномаи қаҳрамонҳо, ашхосе, ки бар  идди ҳама гуна зулм мардона мубориза бурдаанд, хеле ҷолибу хотирмон офаридааст, вале ҳамзамон симои афроди суст-иродаеро, ки ба вазъи номусоиди зиндагӣ бефарқ менигаранд, нишон медиҳад. Дар байни ин ду қутб Гёте симоҳои дигарро низ офаридааст, чун мутафаккир ва нависанда таваҷҷӯҳи ӯро бештар масъалаи тарбияи инсон дар мубориза барои ҳаёт ҷалб менамуд. Гёте ба имкониятҳои инсон баҳри ғолиб омадан бар мушкилот бовар дошт. Ҳаёти шахсии ӯ шаҳодати гӯёи меҳнати ҳамешагӣ ва мубориза барои ормонҳои бузурги инсонӣ мебошад.

Гёте чун ҳунарманд низ фавқулъодат ва гуногунҷабҳа буда, асарҳои зиёди реалистӣ, романтикӣ, классикӣ ва рамзӣ (символикӣ) таълиф намудааст. Аз шаклу услубҳои гуногуни эҷоди бадеӣ истифода бурда бошад ҳам, ҳадафи эҷодиёташ якест: дарки моҳияти ҳаёт ва ифшои зиддиятҳои он. Ба таври возеҳ ҳаётӣ будани асарҳои Гёте дар тамоми осораш ба мушоҳида мерасад. Ҳатто дар мавриде, ки ӯ ба рамзу кинояҳои мураккаб руҷӯъ мекунад, ҳадафи аслиаш ифшои ҳаводисест, ки дар ҳаёти воқеӣ мавҷуданд. Осори Гёте аз ҷумлаи падидаҳои нодири адабиёти ҷаҳонӣ буда, барҳақ ба қатори ганҷинаи арзишҳои бадеии инсоният ворид гардидааст.

Нигорандаи ин сатрҳо моҳи майи соли 2005 дар 18-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ва ҳамоиши илмие, ки дар Маркази густариши забон ва адабиёти форсӣ дар мавзӯи «Нақши тарҷума дар густариши равобити адабии Эрон ва ҷаҳон» баргузор гардид, ширкат дошт. Дар рӯзи дуюми ҳамоиш шарафи онро доштам, ки зимни танаффус бо ҷаноби Маҳмуди Ҳаддодӣ – мутарҷими шинохта аз олмонӣ ба форсӣ, устоди Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ ошно бишавам ва бо эшон мусоҳибае ороста бошам. Зимни сӯҳбат аз ҷониби му-тарҷим андешае пеш гузошта шуд, ки чун дар Эрон назар ба Тоҷикистону Афғонистон вазъи тарҷума хеле беҳтар аст, аз натиҷаи кори мутарҷимони эронӣ истифода бурдани дӯстони ҳамзабон судманд хоҳад буд. Дар ҳамин вохӯрӣ Маҳмуди Ҳаддодӣ ба инҷониб китоби ахиран тар-ҷумакардаи худ «Девони ғарбӣшарқӣ»-и Гётеро тақдим намуд ва мо қарор гузоштем, ки ин китоб ба хати сириллик баргардон ва чоп бишавад, то хонандагони тоҷик ҳам битавонанд бад-ин васила аз файзи каломи ин нобиғаи олмонӣ баҳравар гарданд.

Таҳияи китоб кори хеле заҳматталаб аст ва хушбахтона, матни комили «Девони ғарбӣ-шарқӣ» дар тӯли беш аз як сол ба чоп омода гардид. Қобили зикр аст, ки му-тарҷими китоб Маҳмуди Ҳаддодӣ дар ин муддат ҳамеша бо мо аз тариқи почтаи электронӣ иртибот дошт ва баҳри беҳтару хубтар ба сомон расидани ин кор ҳамеша ба таҳиягарон маслиҳату машварат медод. Бо хоҳиши мо ӯ барои чопи тоҷикии китоб пешгуфтор навишт, иштибоҳоти дар нашри Теҳрон рухдода ва шакли дурусти вожаву ибораҳоро бо нишон додани сатру саҳифаи лозима фиристод. Қобили зикр аст, ки дар нашри форсии «Девони ғарбӣ-шарқӣ» чандин саҳифаи он аз рӯи зарурати техникӣ ҳазф шуда буданд. Маҳмуди Ҳаддодӣ, ки аз дер боз орзуи дидани Тоҷикистонро дошт, хушбахтона, ду маротиба (моҳи ноябри соли 2006 ва майи соли 2007) ба кишвари мо омад ва он саҳифаҳои ҳазфшударо бо нишон додани мавқеашон бароямон пешниҳод намуд.

Бо ин гуфтанием, ки нашри тоҷикии шоҳкори адиби мутафаккири олмонӣ – «Девони ғарбӣ-шарқӣ» аз матни форсии чопшудаи он комилтар аст. Барои ихлосу самимияти беандоза ва дастгириҳои бедареғу холисонааш ба мутарҷими мӯҳтарам ташаккур мегӯем.

Муҳаррири масъули китоб номзади илмҳои филологӣ АҳмадҲоҷиев ва муҳаррири нашриёт Мирзо Кенҷа матни таҳияшудаи «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-ро бо қалами сурх мутолиа намуда, ғалату иштибоҳи фаровони таҳиягаронро ислоҳ карданд. Дар даврони кунунӣ камтар муҳаррироне ҳастанд, ки нисбат ба вазифаи ба ӯҳдаашон вогузоршуда ин гуна муносибати ҷиддиву холисона ва имондорона дошта бошанд. Ба ин азизони покизасиришту покизакор ташаккур гуфта, барояшон ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.Ҳамчунин ба дӯстони арҷманд Доро Дӯстов, Валӣ Самад, Мирзо Боқизода, Фарҳод Каримов, Мубашшири Акбарзод, Ҷамолиддин Саидзода, ки мубаллиғу мушаввиқи анҷоми ин кор буданд ва баҳри беҳтар шудани сифати он маслиҳату пешниҳодҳои судманд ироа доштанд, арзи сипос менамоем.

Алишери ЗАМОН,
Шодӣ Шокирзодаи НӮЪМОНПУР

Осор