Ибодуллоҳи Солеҳ

Ибодуллоҳи Солеҳ (5-уми январи соли 1962, деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг) - шоири тоҷик; Узви Иттифоқи Нависандагони Амрикои Шимолӣ (СПСА) ва Аъзои Академияи ҷаҳонии шеър.

Ибодуллоҳи Солеҳ (Солиҳов Ибодулло Саъдуллоевич) – 5-уми январи соли 1962 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Дар Муассисаи таҳсилоти ҳамагонии ҳамин деҳа солҳои 1969-1979 таҳсил намуда, солҳои 1981-1983 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардаст.

Соли 1983 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1988 бо ихтисоси зоомуҳандис хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ кор карда, айни замон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад.
Ба эҷод намудани шеър шавқи беандоза дошта, бо тахаллусҳои «Ҳоҷӣ» ва «Солеҳ» шеър мегӯяд.

Ибодуллоҳи Солеҳ дилбастаи шеъру адабиёт буда, дар баробари мавзӯъҳои меҳанпарастонаю хештаншиносона ишқу зиндагиро ба риштаи назм кашидааст.

Шоир таносуби суханро дар шеърҳояш моҳирона истифода намуда, дар офаридаҳояш шебу фарозҳои зиндагиро бо ишқу муҳаббати беандоза баён намудааст. Боқӣ баҳо додани эҷодиёти Ибодуллоҳи Солеҳро ба ихтиёри хонандахушзавқ ва нозукбин мегузорем.

Осор