Дар бораи китоб:
Дар ин китоб масъалаҳои назариявии нарх, нақши он дар низоми хоҷагидории бозоргонӣ ва аҳамияти он барои тараққӣ додани истеҳсолот ва баланд бардоштани самаранокии он баррасӣ шудаанд. Маънидодкунии мафҳуми
нарх аз диди нав, озод кардани он аз таъсири фишори идеологию истифодаи он ҳамчун воситаи муҳими ҳисобу китоб, тақсиму аз нав тақсим кардани маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ, ҳавасмандгардонию назорати иқтисодӣ тадқиқ, шудаанд.
Китоб барои истифодаи васеи хонандагон, махсусан, донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодии мактабҳои олӣ тавсия карда мешавад.