Дар бораи китоб:
Ин китоб ба таҳлилу баррасии яке аз ноях.ои назарӣ ва амалии иқтисоди бозорӣ – маркетинг бахшида шудааст. Муаллиф дар 5 бахши он ба таъйини мазмуни афкори маркетинг ва тарзи идораи он, нақшакашӣ ва тартиби чораҷӯиҳои маркетингӣ дар фаъолияти бозории ширкат тасвир намудааст.
Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар пешниҳод мешавад.
Дар бораи муаллиф:
Бойматов Алиҷон Азизович – доктори илми иқтисодӣ, профессор, дорандаи ҷоиза дар соҳаи илму маърифат ба номи академик Б.Ғафуров, шаҳрванди фахрии Линколии ШМА. Бойматов А. А. бо баҳои аъло Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (с. 1966), аспирантураи институти савдои советии ш. Маскав (с. 1973), докторантураи институти иқтисодиёти АУ ИҶСШ (с. 1987), курсҳо аз фанҳои маркетинг ва соҳибкории Донишгоди Линколни ШМА (с. 1995) тамом кардааст. Аз соли 1966 то 1984 корманди илмӣ, мудири шӯъба (с. 1973) ва директори филиали Тоҷикистонии институти умумииттифоқии конъюнктура ва талабот (с. 1975) адои вазифа кардааст. Аз соли 1984 то соли 2001 ба ҳайси сарходими илмӣ ва мудири шӯъба дар пажӯҳишгоҳҳои иқтисодӣ, аз соли 1993 – иқтисоди ҷаҳонй ва муносибатнҳои байналхалқӣ хизмат намудааст. Роҳбари гурӯҳи тартибдиҳандагони барномаи дигаргунсозии иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 1996-2000, муовини раиси Шӯрой мутобиқгардонӣ ва рушди соҳибкорӣ дар назди Раиси вилоят таъин шудааст. Аз соли 2000 вазифаи директори Маркази минтақавии маркетингиро иҷро намуда бо дастгирии фонди Евразия курсҳои такмили ихтисоси маркетологҳои ширкатҳои миёна ва хурд ташкил кард. Дар Маркази тайёр кардани кадрҳои мунитсипалӣ ҳамчун тренер – профессор ҳамкорӣ карда аст.
Зиёда аз 100 корҳои илмӣ ва аз он ҷумла 15 монографияҳою китобҳои дарсӣ чоп намуда панҷ номзади илми иқтисодро тайёр кардааст. Дар тавлиди самти нави илму тадқиқот – маркетинг – саҳми худро гузошта, барои баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони ин соҳа заминаи мустаҳкам тайёр карда аст.