Иқтисодиёти ҷаҳон

Мураттиб: Дӯстбоев Шодимурод
Ношир: «Эр-граф»
Саҳифа: 288
Соли нашр: 2012
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 9,95 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 36 нафар

Дар бораи китоб:

Дастури таълимӣ-методии мазкур муҳимгарин паҳлуҳои иқтисодию иҷтимоии хоҷагии ҷаҳонро дарбар мегирад. Аз ҷумла, масъалаҳои: ташаккулёбӣ ва моҳияти хоҷагии ҷаҳон, классификатсияи иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳон, механизм ва иқтидори хоҷагии ҷаҳон, мамлакатҳои рушдёфта (ИМА, Ҷопон, Олмон, Иттиҳоди Аврупо ва ҳ.к.), рӯ ба тараққӣ  (Ҳиндустон, Америкаи Лотинӣ, Африка) ва ба иқтисоди бозорӣ гузаранда дар хоҷагии ҷаҳон ва ҳ.к. дар доираи матни мухтасари дарсҳои лексионӣ ва амалӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудаанд.

Хамчунин дар натиҷаи омӯзиши ин маводи таълимӣ хонанда аз таҷрибаи пешравии мамлакатҳои ҷаҳон, моделҳои иқтисодӣ, прогресси илмию техникии замонавӣ, тамоюли дигаргуншавии сохтори таъсири омилҳои беруна, истифодаи самаранокии захираҳои табиӣ ва кадрҳои баландихтисос дар хоҷагии ҷаҳон ба таври бояду шояд маълумоти кофӣ ба даст меорад.

Дастури мазкур ба талаботҳои стандарти давлатӣ мувофиқ буда, барои омӯзиши доираи васеъи хонандагон пешкаш мегардад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *