Дар бораи китоб:
Дар китоби илмӣ-оммавии мазкур баъзе масъалаҳои назариявии иқтисод вобаста ба мазмуни воқеии онҳо таҳлил ёфта тавсифи афсонавӣ доштани баъзе аз мафҳумҳои иқтисодӣ собит карда шудаанд. Аз ин нуқтаи назар ба вазъи ҷаҳони имрӯза баҳо дода, тамоюлҳои номатлуби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳои муосир нишон дода шудаанд.
Таҳлили ҳақиқати зиндагӣ ва вазъи ногувори кишвар ва роҳҳои раҳои ёфтан аз ақибмонагӣ оварда шудаанд.
Китоб барои оммаи васеъи хонандагон тавсия мешавад.
«Назарияҳои мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии ҷомеаи ҷаҳон ба равандҳои мураккаби инкишофи ҷаҳон ҷавоб гуфта наметавонад, зеро онҳо афсонаҳое беш нестанд. Одамон наметавонанд ҳама чизро таҳлил кунанд ва донанд. Вале дар бештар маврид таваккал интихоб мекунанд (фарқ надорад моли нав, ҳамсар ё вакили парлумонро) ва бо ин амали худ тақдири худ, инсонҳо ва ҷомеаҳоро муайян мекунанд».
Ин иқтибосро аз китоби директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Олим Бобоев «Афсонаҳои иқтисодӣ ва ҳақиқати зиндагӣ» гирифтем. Дар ин китоб, ки ба таври илмӣ ва оммавӣ таҳия шудааст, баъзе масъалаҳои назариявии иқтисод вобаста ба мазмуни воқеии онҳо таҳлил ёфта, тавсифи афсонавӣ доштани баъзе аз мафҳумҳои иқтисодӣ собит карда шудаанд. Муаллиф, ки олими барҷаста ва варзидаи соҳа мебошад, ба вазъи ҷаҳони имрӯза баҳо дода, тамоюлҳои номатлуби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳони муосирро нишон додааст. Баёни фасеҳи олимона ва дар навбати худ содаю оммавӣ ба хонанда, агар ӯ донишманд, илмҷӯ, донишомӯз ва ё шахси босаводи одӣ бошад ҳам, имкон медиҳад, ки ба асли мақсад сарфаҳм равад ва нисбати вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва ҳаёти хеш тасаввуроти дуруст пайдо кунад.
Дар оғози китоб нуқтаи назари як нафар олими машҳури иқтисоддони амрикоӣ Ҷон Кеннет Гэлбрейт оварда шудааст, ки хеле ҷолиб аст. Вай дар китоби хеш «Экономика невинного обмана. Правда нашего времени» (соли 2009) тасдиқ кардааст, ки илми иқтисод ё васеътар, системаи иқтисодӣ ва сиёсии сармоядорӣ арзишҳои худашро зери таъсири омилҳои моддӣ созмон додааст, ки онҳо ба воқеияти иқтисодӣ созгор нестанд. Ӯ менависад: «капитализм ин на фақат талош варзидан ба истисмор, аз он зиёдтар худвайроншавӣ мебошад».
Ҳамин тавр, бо овардани далелҳои муътамад ва андешаҳои зиёди олимони соҳа ва таҳлили вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон муаллифи китоби «Афсонаҳои иқтисодӣ ва ҳақиқати зиндагӣ»афсонаҳои низоми сармоядориро шарҳу тавзеҳ додааст. Дар ин замина ӯ таъкид сохтааст:
«Низоми сармоядорӣ дар он шакле, ки дар китобҳои дарсӣ тафсир карда мешавад, дар амал вуҷуд надорад ва ҳамаи ин афсонае беш нест».
Китоб дар се боб бо дарбаргирии мавзӯъҳои гуногуну ҷолиб мураттаб шудааст.:
- «Вазъи фоҷиабори ҷаҳони имрӯза маҳсули афсонаҳои иқтисодист»;
- «Афсонаҳои иқтисодӣ»;
- «Ҳақиқати зиндагӣ ва зарурияти имрӯзикунонӣ ва илмикунонии ҷомеа».
Дар бораи муаллиф: