Дар бораи китоб:
Дар китоби дарсии мазкур муқаррароти умумии Консепсияи Рушди Инсонӣ ва мехнизми тадбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар он моҳият ва сарчашмаҳои категорияҳои «рушди инсонӣ»; марҳилаҳои ташаккулёбии Консепсия ва эволютсияи он баррасӣ мегардад. Таносуби рушди устувор ва рушди инсонӣ; рушди иқтисодӣ ва шуғл; сатҳи некӯаҳволӣ, нобаробарӣ дар дастрасӣ ва захираҳо ва рушди инсонӣ мавриди баррасб қарор гирифта шудааст.
Ҷузъиётҳои рушди инсонӣ: шохисҳои рушди инсонӣ ва ҳисоби онҳо; саломатӣ ва давомнокии умр; маъориф; ҷабҳаҳои гендерӣ ва экологӣ махсусан қайд гардидаанд. Ташаккулёбии рушди инсонӣ дар заминаи Стратегияҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ба он алоқаманд оид ба идоракунии давлат, бахши умумӣ ва захираҳои инсонӣ ба таври алоҳида қайд шудаанд.
Китоби дарсӣ барои донишҷӯён (бакалаврҳо ва магистрҳо) ва аспирантҳои шӯъбаҳои иқтисодии мактубҳои олӣ тавсия мегардад. Инчунин он мавриди истифодаи мутахассисони вазорату сохторҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки ба ҳаллу фасли проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ сару кор доранд, қарор дошта метавонад. Мутобиқи Қарорҳои Шӯроҳои илмӣ ва Шӯроҳои таълми-методии: ДДХ ба номи Б.Ғафуров; ДСРТ; ДТТ; ДСХТ; ДМИТ ва ДИС ДДТТ барои нашрия тавсия гардидааст.