Фарзонаи Саидумрон

Зиндагинома

Алиева Фарзона Саидумроновна 3 июни соли 1990 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд ёфт аст. Соли 2008 баъди хатми мактаби миёнаи №31–и  ноҳияи мазкур дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров  таҳсили худро идома бахшидааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Фаъолияти корӣ

Аз соли 2010 то соли 2011 дар вазифаи муҳаррир ва барандаи барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатии Радиои “Тироз” фаъолият намуда, давоми солҳои 2012-2013 Муҳаррири калон ва барандаи барномаҳои маърифатӣ дар Радиои “Ҷаҳоноро” буд.

Солҳои 2014- 2015 вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Ёва»-и Ҷамоати Ёваи   ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба уҳда дошт. Сипас, ба ҳайси мухбири рӯзномаи КИҲХДТ “Минбари халқ” дар вилояти Суғд солҳои 2015-2016  фаъолият кардааст. Ҳамзамон, дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи шартнома ба сифати мутахассис ифои вазифа намудааст.

Давоми солҳои 2016-2017 вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд “Тирози ҷаҳон”-ро ба зимма дошт.

Аз соли 2017 то соли 2019 дар Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба сифати мутахасси пешбар фаъолият доштааст. Ҳамзамон, давоми солҳои 2017-2021 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи  Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлаттии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст. Аз соли 2021 инҷониб омӯзгори факултети умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст.

Фаъолияти эҷодӣ

Фарзонаи Саидумрон дар баробари кор дар самту соҳаҳои мухталифи рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ ба кори таҳқиқ, нигориш ва таҳияву тадвин пардохта, китобу силсилаи мақолаҳоро рӯйи чоп овардааст:

  • Номае ба духтарами Ҳаддоди Одил. Нашриёти “Ношир”, Хуҷанд. – 2010.
  • Фарҳанги ном. Нашриёт: “Ношир”, Хуҷанд. – 2013.
  • Фарҳанги ном. Бо таҳрир ва иловаҳо. Нашриёт: “Адиб”, Душанбе. – 2014. (Ин китоб бо пешниҳод ва дастгирии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардидааст.)
  • Феҳрасти ном. (Колектив). Нашриёт: “Адиб”, Душанбе. – 2016.
  • Фарҳанги номҳои тоҷикӣ. (Колектив). Нашриёт: “Адиб”, Душанбе. – 2015.
  • Духтари тирамоҳӣ. Хуҷанд: “Ношир”. – 2021. (мураттиб)
  • Пайванди дарё. Хуҷанд: “Ношир”. – 2021. (мураттиб)
Китобҳо