Дар бораи китоб:
Муалиф бо пешниҳоди дастури зайл бо номи «Дар шинохти Наврӯз» таъкид бар он дорад, ки бигузор ҳар
як хонандаю донишҷӯ, омӯзгору корманд, дӯстдори илму фарҳанги мардумӣ ва умуман ҳар як тоҷику тоҷикистонии асил донишу фаҳмиш, заковату идроки худро доир ба ҷашни мазкур фарох намояд, бисанҷад ва бубинад, ки оид ба расму русум, хулқу атвор ва ҷашну маросимҳои миллии худ то чӣ андоза фаҳмиш ва иттилоъ дорад.
Муҳтавои дастури таълимию методии «Дар шинохти Наврӯз» чунин бахш ва қисматҳоро дар бар мегирад: «Сарсухан», «Наврӯз – ҷашни ҷашнҳо», «Гулчини иқтибосҳои наврӯзӣ», «Тестҳои наврӯзӣ», «Ҷавобҳои тестҳои наврӯзӣ», «Бардоштҳои наврӯзӣ», «Чакомаҳои наврӯзӣ», «Охирсухан» ва «Феҳристи адабиёт».