Дар бораи китоб:
Маҳатма Ганди, падари Ҳинд, ҳамеша манбаи илҳоми ҳазорон мардуми дунёст. Ин роҳбари абадзиндаи Ҳинд ба василаи эҳё кардани бузургтарин мақулаҳои ахлоқии фалсафаи қадими ҳиндие чун аҳимса ва сатяграҳа тавонист мактаби муборизаро барои озодӣ таҳти унвони «муқовимат бидуни зӯроварӣ ва хушунат» бунёд кунад, ки то ба имрӯз бар аксари ҷунбишу муҷовимат бидуни зӯроварию хушунат дар тамоми олам омӯзандаву таъсиргузор будааст. Ҷаҳони имрӯз бо нишони эҳтиром ба хадамоти ин марди тавоно зодрӯзи ӯро ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии адами хушунат» дар сартосари сайёра ҷашн мегирад.
Китоби «Саргузашти ман» аз тарҷимаи Масъуди Барзин бо каме таҳрир ба тоҷикӣ баргардон шудааст. Нахустин маротиба ба хонандаи тоҷик пешкаш мегардад.