Дар бораи китоб:
Ин китоб аз рӯи нусхае, ки дар садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ навишта шуда бо муқобила ба нусхаҳои муҳим ва кӯҳнаи китобхонаҳои Теҳрон таҳия гардида аст. Намунаи олӣ ва камназири наср ва шеваи нигориши ахлоқ дар садаи панҷуми ҳиҷрӣ ба ҳисоб меравад.
Муаллиф дар мавриди китоби мазкур чунин овардааст: Ва чунон ки он кимиё, ки мису биринҷро ба сафову покии зари холис расонад, душвор бувад ва ҳар касе нашиносад, ҳамчунон он кимиё, ки гавҳари одамиро аз хасисияти баҳимият ба сафову нафосати малакият расонад, то бад-он саодати абадӣ ёбад, ҳам душвор бувад ва ҳар касе надонад. Ва мақсуд аз ин китоб шарҳи ахлоти ин кимиёст, ки ба ҳақиқат кимиёи саодати абадист. Ва ин китобро бад-ин маънӣ «Кимиёи саодат» ном кардем. Ва номи «Кимиё» бар вай авлотар, чи тафовут миёни мису зар беш аз суфрат нест ва самараи он кимиё беш аз танаъъуми дунё нест: муддати дунё худ чист?! Ва тафовут миёни сифоти баҳоим ва сифоти малоика чанд аст, ки аз асфалуссофилин то ба аъло иллиййин ва самараи ин кимиё саодати абадист, ки муддати вайро охир нест ва анвоъи наими вайро ниҳоят нест ва ҳеч кудуратро ба наими ӯ роҳ нест.
Бидон, ки чунон ки кимиёро дар ганҷинаи ҳеч пирзан наёбанд, балки дар хизонаи мулук ёбанд, кимиёи саодати абадӣ низ ҳар ҷое набошад, дар хизонаи Рубубият бошад; ва хизонаи Худой дар осмон ҷавоҳири фариштагон аст ва дар замин дилҳои пайғомбарон. Пас, ҳар ки ин кимиё ҷуз аз ҳазрати нубувват ҷӯяд, роҳғалат карда бошад ва охири кори вай қаллобӣ бошад ва ҳосили ҳоли вай пиндоре ва гумоне бошад ва дар мавсими қиёмат ифлоси вай пайдо шавад ва қаллобии вай ошкор шавад ва пиндорҳои вай расво шавад ва бо вай гӯянд: «Фа кашафно ъанка ғитоака, фа басарука-л-йавма ҳадид» (Пас пардаро аз баробари ту бардоштем! Пас чашми ту имрӯз тезбин аст).