Дар бораи китоб:
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷаҳон ва дар айни замон бо мактабҳои олии давлатҳои ҳамҷавор маҳсуб мегардад. Боиси қаноатмандист, ки дар ин самт ҳам боргоҳи маърифати мо муваффақ гардида, дар марҳилаи имрӯза домани ҳамкориҳо бемайлон фарохтар карда мешавад. Аз мавриди мусоид истифода бурда гӯшрас карданашро воҷиб мешуморем, ки робитаҳои самаранок бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва мамолики хориҷӣ ба таҳким бахшидани иқтидори илмӣ ва таълимии донишгоҳ ҳамаҷиҳата мусоидат менамояд.