Дилафрӯз Қурбонӣ

Дилафрӯз Қурбонӣ (Қурбонова Дилафрӯз Авазовна; тав. 2 июли 1981, деҳаи Душанбеи ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда ва рӯзноманигори тоҷик, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2022).

Зиндагинома

Қурбонӣ Дилафрӯз 2 июли соли 1981 дар деҳаи Душанбеи ноҳияи Фархор ба дунё омадаст. Айёми тифлию наврасияшро дар ҳамон ҷо паси сар кардааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами № 52 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, пас аз таҳсил соҳибихтисос мегардад. Барои идома додани таҳсил, ба Душанбе раҳсипор мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода дохил шуда, ҳамзамон дар ансамбли эстрадии «Гулшан» ба фаъолияти сарояндагӣ шурӯъ мекунад. Дар ҷамъомадҳову чорабиниҳои давлатӣ ширкати фаъолона менамояд. Новобаста ба душвориҳои донишҷӯӣ чанд суруду оҳанг сабт кардаву ба навор мегирад. Дар барномаҳои театрӣ низ худашро санҷида, нақшофарӣ намудааст.

Баъди хонадоршавӣ, худашро ба оила мебахшад ва саҳнаи ҳунарро тамоман тарк намуда, канор меравад. Бо амри тақдир чандин сол дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ кардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Фаъолияти эҷодӣ

Ҳанӯз хонандаи синфи панҷум буд, ки шеъргунаҳоеро аз эҷоди хеш ба як дафтар ҷамъ оварда, мутаасифона, онро аз даст медиҳад. Ба сабаби ин зарба дигар аз навиштан даст мекашад, вале ҳеч гоҳ аз олами зебои адабиёту фарҳанг дур набуда. Чандин муддат аст, бо пеш омадани шароити мусоид қаламро дӯсту ҳамнафаси хеш қарор дода, ба навиштану эҷод машғул аст. Мусоҳибаву мақолаҳо, достонҳову ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла «Фирӯза», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Оила», «Дишидак», «Роҳнамои хонавода» ва ғайра, пайваста рӯи чоп меоянд. Ба узвияти Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Осор

  • «Китоби орзуҳо»
  • «Се нуқта»
  • «Розҳои оиладорӣ»
Китобҳо