Бихон
Author: Sanjar Abunasrpur Category: Ташаккули шахсият Publisher: Меҳроҷ-граф Publish: 05 Jul, 2022 ISBN: 978-99947908-4-5 Pages: 192 Pages Country: Tajikistan Language: Tajik Dimension: A5 File Size: 14 mb Download/Buynow
Description:

Дар бораи китоб:

Дар ин асари соҳибқалами ҷавон аз ҳар гулистоне гулдастае ҷамъоварӣ шудааст, то дармонбахшу давои дурӣ аз китобхониву мутолиа бошад. Ин китоб бо хонандаи хеш бо забони ҳол сухан мекунад. Азамату шарофати китобу мутолиаро баён месозад. Сипас, хонандаро ба сайри таърихи пурғановат мебарад ва саҳнаҳое аз кӯшишу талоши донишмандони гузашта дар талаби илмро ба намоиш мегузорад. Хонандаи худро аз равиши асосии китобхонӣ огоҳ менамояд, ки бо татбиқи он ҳар кас метавонад мутолиаи муваффақ дошта бошад. Аз барномарезӣ барои пешрафт ва танзими вақт низ сухан ба миён меовардад.

Хондани китоби мазкур барои тамоми хонандагон новобаста аз ҷойгоҳу мавқеи иҷтимоӣ, зарур аст.


Дар бораи муаллиф:

Санҷар Абӯнасрович Амриев 5 майии соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Мавсуф 1 сентябри соли 2002 дар МТМУ-и 26-и деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакент таҳсилро оғоз намуда, соли 2013 муассисаи номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст. Ҷиҳати идомаи таҳсил ва сайқал бахшидани донишу малакаи хеш худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) дохил шуда, соли 2018 донишгоҳро  бо касби мутахассис оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ, тарҷумон-референт (арабӣ ва форсӣ) бо дипломи аълочӣ хатм намудааст.

Аз январи соли 2020 фаъолияти кории худро дар Нашрияи “Пайрав” замимаи нашрияи “Омӯзгор” барои кӯдакон ва наврасони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири фанҳои дақиқ ва риёзӣ оғоз намудааст. Аз феврали соли 2021 то июли соли 2021 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир-референт фаъолият кардааст. Аз августи 2021 инҷониб муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” мебошад.

Аз овони хурдӣ ба навиштан шавқу рағбат дошта, дар вақтҳои фароғат ҳикояву ривоятҳои тарбиявиро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума менамояд. Навиштаҳову тарҷумаҳояш дар нашрияҳо ба монанди нашрияҳои “Пайрав”, “Маъвои хирад”  ва маҷаллаҳои “Маорифи Тоҷикистон”, “Истиқбол”, “Навруста” интишор ёфтаанд.

Забони арабиро медонад ва ба хати форсӣ тасаллути комил дорад.