Дар бораи китоб:
Дастури таълимии мазкур дар асоси маълумоти таи солҳои охир аз манбаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва даврӣ гирд оварда шуда, инчунин маърӯзаҳои илмиву дарсҳои академик Ю.С.Носиров оиди «Биотехнологияи кишоварзӣ», тартиб дода шудааст.
Мақсади тартиб додани ин дастур дар он аст, ки оиди фанни мазкур китоби дарсӣ вуҷуд надорад ва маълумоти мавҷуда бошад, дар манбаҳои гуногун паҳну парешон буда, аз сабаби душвориҳои нашриявӣ, робитаҳои ноустувори китобхонаҳои байнидавлатӣ ва гаронии нарх дастраси омма нестанд.
Мураттибони дастури мазкур умедвори онанд, ки фикру мулоҳиза ва эродҳои худро ба нишонии кафедраи физиологияи растанӣ ва биотехнологияи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон равон менамоед ва онҳо дар оянда баҳри тартибдиҳии китоби дарсӣ оиди «Биотехнологияи кишоварзӣ» ба мо кӯмаки беандоза хоҳанд расонд.