Ҳаёти Абӯ Зайд Муҳаммад Ғазоирии Розӣ дар садаи XI ҷараён ёфта, зодгоҳи ӯ шаҳри Рай аст. Ғазоирӣ таҳсили илмро низ дар Рай гузаронидааст. Маутаассифона доир ба рӯзгор ва эҷодиёти шоир дар ҳеч яке аз сарчашмаҳо маълумоти муфассал ҷой надорад. Шоир соли 1034 вафот кардааст.
Аз ашъори Ғазоирӣ ба ғайр аз чанд қасида, қитъа ва рубоӣ чизи дигаре боқӣ намондааст, ҳол он ки ӯро дар тазкираҳо чун шоири тавоно ёд мекунанд.
Copyright © 2023 БИХОН ///Таҳияи сомона:iTojik