Дар бораи муаллиф:
Зиндагинома
Азиз Мирбобоев хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1980). Корманди Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи Илмҳои Тоҷикистон (1981-1983); аспиранти Академияи илмҳои ҶТ (1983-1987). С. 1991 дар Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) рисолаи номзадиро аз рӯи тахассуси «забонҳои эронӣ» ҳимоя намуд. С. 1989-1992 муаллим, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Аз замони таъсиси кафедраи таърихи забон ва типология (1992) дотсенти ҳамин кафедра. Солҳои 1997-2003 дотсент, муовини мудири кафедра, муовини илмии декани факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, узви Шӯрои илмӣ, узви Шӯрои диссертатсионии ин донишгоҳ (1998-2007); аз соли 2007 то кунун дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ. Ҳамзамон аз соли 1995 то ҳол сармуҳаррири бахши тоҷикию русии маҷаллаи муштараки Тоҷикистону Эрон – «Номаи Пажӯҳишгоҳ» мебошад.
Дар давоми фаъолияти худ муқарризи расмии бештар аз 15 рисолаи номзадии унвонҷӯёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар Шӯроҳои диссертатсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Таҳти роҳбарии илмии ӯ як нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, ҳоло чанд унвонҷӯ ба таълифи рисолаҳои номзадии худ машғуланд.
Мирбобоев А. дар баробари тадрис ба таҳқиқоти илмӣ низ машғул буда, ба қалами ӯ чанд фарҳангу таҳқиқот, китоби дарсӣ ва тарҷумаҳои илмӣ, инчунин як силсила мақолот доир ба масъалаҳои луғатшиносӣ ва луғатнигорӣ, решашиносӣ ва таърихи забон, этнолингвистика ва ономастика, масоили таълиму тадриси забон дар Тоҷикистон, Русия ва Эрон ба забонҳои мухталиф ба табъ расидааст. Ба қалами ӯ тарҷумаҳои форсии китобҳои мухталиф ва як силсила мақолоти муҳими эроншиносии донишмандони маъруфи рус тааллуқ доранд. Таҳти таҳрири А.Мирбобоев бештар 50 китоб, аз ҷумла «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» (2005), «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (2006), «Фарҳанги тоҷикӣ-англисӣ» (2008), «Фарҳанги Доро» (2013) ва ғайра аз чоп баромадааст.
Осор
Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯйишҳои эронии Тоҷикистон (Бо ҳаммуаллифон, ба забони форсӣ). Ҷилди 1-2. – Душанбе, 1997; Фарҳанги номҳои тоҷикӣ (Бо М. Қосимӣ, ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ). – Душанбе, 2000; Девони Одамушшуаро Рӯдакӣ (Бо ҳаммуаллифон, ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ). – Душанбе, 2002; Барномаи «Муқаддимаи филологияи Эрон» (барои донишҷӯёни донишкадаҳои филологии мактабҳои олӣ). – Душанбе, 2006; Барномаи таърихи забони тоҷикӣ (барои донишҷӯёни бахши забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои олӣ) – Душанбе, 2007; Иранистика. – Душанбе, 2012 (ҳамроҳ бо П. Ҷамшедов).