Аниса Манонова

Аниса Манонова (13 ноябри 1998, шаҳри Душанбе Тоҷикистон) —шоираи ҷавон ва соҳибзавқу боистеъдод.

Зиндагинома

Аниса дар яке аз рӯзҳои фасли поиз 13 ноябри соли 1998 хонаи завҷи саодатмандеро баҳорӣ намуд ва бо омаданаш шодиву сурурро ба армағон овард. Модари гиромияш ӯро ба хотири ин ки ҳамдами танҳоиҳову аниси дилашон бошад Аниса номгузорӣ намуданд. Аниса дар муҳити созгори пойтахт дар канори хонаводаи хушбахту саодатманди хеш оҳиста-оҳиста ба воя расид.

Ӯ дар ин шаҳри зебо бо ормону боварҳои самоӣ раҳсипори мактаб шуд ва таҳсилоти ибтидоии хешро ба беҳтарин сурат идома дод. Замоне ки муҳассили синфи ҳаштум буд, дур аз чашми ҳама ба варақу хома рӯй овард ва кам-кам машқи шеър менамуд. Ӯ ҳанӯз дар айни ҷӯшу хурӯши унфувони ҷавонӣ қарор дорад ва бо ин вуҷуд дар сатҳи ин курраи хокӣ масире басо машаққатбору ҷонгудозро тай намуда аст. Дар даврони наврасии хеш шоҳсутуни хонадон падари меҳрубону гиромии худро гум кард. Пас аз чанде дар унфувони навҷавонӣ модари мушфиқааш низ аз ин дори фонӣ бисоти сафар барбаста ва ба раҳмати Ҳақ пайвастанд. Аниса дар шоҳроҳи пурпечу тоби зиндагӣ ва пайроҳаи бас машаққатбори он таку танҳо бо кӯлаборе аз андӯҳи гарон роҳпаймо гардида ва тамоми эҳсосу авотифи хешро бо шеър ҳамон фарёди бесадо, баён кардааст.

Нигоштаҳои ӯ аз умқи қалбе ба зулолии қатароти борон ва вусъати ҳафт осумон сарчашма мегиранд ва нигоштаҳояш дардҳову ранҷҳои ҷомеаро дар худ инъикос менамоянд. Ин ҷост, ки аҳли адаб ва дӯстдорони каломи мавзун хомафарсоиҳои ӯро хуш пазируфтанд. Ӯ дар ин маврид эътирофи шоиронаи зебое карда, он ҷо ки мефармояд: “Ба ман килке расида то бигӯям шарҳи ин дунё”. Дар ашъори ӯ мазомину маъонии бикру бадеъ, тахайюлоти зариф ва сохтаҳои адабии сершуморе вуҷуд доранд ва сабку услуби нигоришаш мунҳасир ба фард аст.

Бе шак, эҷодиёти бону Аниса ҳосили таровишҳои фикриву зеҳнӣ, эҳсосоту авотиф ва хаёлпардозиҳои адабии ӯст, ки аз лобалои рӯди муссафои оини илоҳӣ, таолиму таҷоруби инсонӣ ва дарсҳои зиндагонӣ маншаъ мегирад. Бону Аниса дар арсаҳои мухталифи шеър табъ озмоӣ карда ниёишҳои кӯдакона, наҷвоҳои ошиқона, замзамаҳои орифона ва дилнавиштаҳои шоиронаи хешро бо сарангушти фикрату завқи шоирӣ ба қадри тавон дар қолаби ғазал, чаҳорпораҳо, мухаммасот, рубоиву муфрадот ва шеъри сапед гунҷонидааст, то ба ин васила битавонад дастагуле навин аз афкору андешаи бикр, эҳсоси ғаму ғуссаву армон ва шодиву нишотро муҳайё созад ва онро ба расми қадрдониву сипос ба кулли некандешони боғи инсоният тақдим намояд.

Осор
Китобҳо