Дар бораи китоб:
Баъзеҳо аз мор метарсанд, чунки мор заҳр мезанад. Аммо на ҳар мор заҳрнок аст. Ғайр аз ин мор хазандаи фоидаовар аст. Акнун ба ин саволҳо ҷавоб гӯед: «Кадом мор заҳрнок асту кадомаш заҳр надорад? Мор ба инсону табиат чӣ фоида мерасонад? Мор чанд намуд дорад? Оё мор ба чашмаш айнак мегирад?» Бачаҳои азиз, ин китоб хурдакак бошад ҳам, онро хонда ба ҳар саволи худ ҷавоб пайдо мекунед. Онро хонед, зеро дониши гирифтаатон рӯзе ба кор меояд.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.