Амир Хусрави Деҳлавӣ

Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ (форсӣ: ابوالحسن یمین‌الدین خسرو‎, ҳиндӣ: अबुल हसन यमीनुददीन ख़ुसरो) - мутахаллис ба Хусрав бузургтарин намояндаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон буда бо осори пурқиматаш асоси адабиёти форсизабонро дар он сарзамин мустаҳкам гардонидааст ва дар роҳи ривоҷу равнақи минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик саҳми босазое гузоштааст. Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки аз номовартарин ва пурмаҳсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Ҳинд ва реша паҳн кардани унсурҳои асосии он бештар аз ҳама хизмат кардааст.

Зиндагинома

Номи аслии шоир Яминиддин, лақабаш Абулҳасан буда, Хусрав тахаллуси адабии ӯ мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароуннаҳр зиндагӣ кардаанд. Падари Хусрави Деҳлавӣ ҳангоми истилои муғул ватани худ – шаҳри Кешро тарк намуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунад. Шоир дар асарҳои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро қайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Қиронуссаъдайн» менависад:

Он чи ба таърих зи ҳиҷрат гузашт,
Буд сана шашсаду ҳаштоду ҳашт.
Соли ману рӯз агар баррасӣ,
Рост бигӯям, ки шаш буду сӣ.

Дар ҷои дигар:

Кунун, ки шашсаду ҳаштоду чор шуд таърих,
Маро ба сию се омад навиди сию чаҳор.

Агар аз рӯи нишондоди порчаи болоӣ соли 652-и ҳиҷрӣ таваллуд шудани Хусрави Деҳлавӣ маълум шавад, аз далели дигар дар соли 651 таваллуд ёфтани шоир таъин мегардад. Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Хусрави Деҳлавӣ дар охири соли 651 ҳиҷрӣ, яъне 1253 мелодӣ дар шаҳрчаи Патёли наздикии Деҳлӣ таваллуд ёфта будааст. Азбаски шоир бисёрии умри худро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, дар он ҷо вафот ёфтааст ва мадфани ӯ низ дар он ҷост, нисбати Деҳлавӣ мегирад. Дар соли 1261, ки Хусрави Деҳлавӣ ҳаштсола буд, падари ӯ дар ҷанги зидди ҳуҷуми муғул кушта мешавад. Бобои модарии Хусрави Деҳлавӣ Имодулмулк кӯдаки ҳаштсоларо дар таҳти назорати худ мегирад ва барои аз худ намудани илму дониш ба ӯ кумак мерасонад. Дар байни солҳои 1276—1278 Хусрави Деҳлавӣ ба дарбор кашида мешавад ва пас аз ин зиндагии дарбории шоир сар мешавад. Соли 1279 дар дарбори Туғрал, ки ҳокими Бангола буд, хизмат карда, баъд аз ин шоирро писари калонии Ғиёсуддин Балбан султон Муҳаммадхон, ки ҳокими Мултон буд, ба дарбори худ талабид. Дар он ҷо Хусрави Деҳлавӣ дар муддати панҷ сол хизмат мекунад. Баъди вафоти Ғиёсуддин Балбан (1287) Муиззиддин Кайқубод ба тахти салтанат баромада, Хусравро ба дарбори худ даъват мекунад, вале азбаски тамоми кору бори салтанат ба дасти яке аз дарбориёни бонуфуз Низомиддин буд ва ин шахс бо Хусрави Деҳлавӣ дар муносибати хуб набуд, шоир таклифи ба дарбори Муизиддин рафтанро қабул намекунад. Дар соли 1299 дар ҳаёти шоир бадбахтие рӯй медиҳад. Модар ва бародари хурди шоир дар байни як ҳафта вафот мекунанд. Хусрави Деҳлавӣ дар достони «Маҷнун ва Лайлӣ» аз ин ҳодиса бо сӯзу гудоз нақл намудааст:

К-имсол ду нур зи ахтарам рафт,
Ҳам модару ҳам бародарам рафт.
Як ҳафта зи бахти тофтаи ман
Гум шуд ду маҳи ду ҳафтаи ман

Хусрави Деҳлавӣ соҳиби фарзандони зиёд буд, аз рӯи гуфтаҳои худи ӯ маълум мешавад, ки вай як духтар (Афифа ё худ Мастура ва панҷ писар (Масъуд, Хизр, Рукниддин, Айниддин, Малик Аҳмад ва Муҳаммад) доштааст, ки аз байни онҳо Малик Аҳмад дар замони худ ҳамчун шахси бофазлу адаб ном бароварда буд. Хусрави Деҳлавӣ 18-уми шавволи 725 ҳичрӣ (27 сентябри соли 1325) вафот мекунад ва ӯро дар назди қабри Низомиддин ба хок месупоранд.

Мероси адабии Хусрави Деҳлавӣ

Хусрав яке аз пурмаҳсултарин шоиронест, ки қувваи эҷодии худро қариб дар ҳамаи намудҳои шеърии замони худ санҷида, чи дар назм ва чи дар наср асарҳои зиёде навиштааст. Қисми асосии мероси адабии Хусрав ба забони форсист. Инчунин ба забонҳои урду ва ҳиндӣ низ асар навишта будааст.

Осор