Алимуҳамммад Муродӣ 3 августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯроободи вилояти Кӯлоб ба ҷаҳон омада, соҳиби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш гардидааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аст. Солҳои зиёде дар матбуот кор карда, чанде муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилояти Қӯрғонтеппа, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нақди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст. Ҳоло дар ноҳияи Мир Саййидалии Ҳамадонӣ кору зиндагӣ мекунад.
Маҳсули қалами Алимуҳаммад Муродӣ тавассути маҷмӯаҳои «Дастниҳол», «Боғи мурод», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Хайрбоди баҳор» ва чандин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ дастраси хонандагон гардидааст.
Алимуҳаммад Муродӣ 28 августи соли 2020 бо унвони шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Соли 2005 барои китоби «Хайрбоди баҳор» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Copyright © 2023 БИХОН ///Таҳияи сомона:iTojik