Дар бораи китоб:
Аз ҷиҳати мазмуни муҳим ва заминаи назариявии боэътимоду пухта «Зод-улмусофирин» дар миёни таълифоти Носири Хусрав мақоми аз ҳама баландтарро ишғол намуда, барои дарку шинохти афкору ақоиди ӯ ҳамчун файласуфу мутакаллими ақлгаро мӯътабартарин ва умдатарин манбаъ дониста мешавад. Таълифи ин асар дар соли 453ҳ./1061м. дар Юмгон анҷом ёфтааст. Носири Хусрав бо ин асари худ ба аҳамият, арзиши зиёд ва бузургии вай қоил буда, онро дар ашъораш бо қаноатмандию ифтихор ёдоварӣ мекунад ва аз муаллифи он меболад:
Зи таснифоти ман «Зод-ул-мусофир»,
Ки маъқулотро асл асту қонун.