Зиндаятим

Муаллиф: Неъмат Бобоҷон
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 256
Соли нашр: 2005
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 932 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 31 нафар

 


Дар бораи китоб:

Дар маҷмӯа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бӯстон табдил додани як гӯшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд. «Зани аскар» бошад, ба мавзӯи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ,бурду бохти рӯзгори он замон, рафтори номардонаи баъзе роҳбарон, меҳнати содиқонаи халқ дар ақибгоҳ, ғалабаи некӣ аз болои бадӣ бахшида шудааст. Ҳикояҳои нависанда низ ҳаётӣ буда, дар тарбияи хонанда аҳамияти калон хоҳанд бозид.


Дар бораи муаллиф:

Неъмат Бобоҷон — журналист, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996).

Зиндагинома

Неъмат Бобоҷон (тав. 20 марти 1942, деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд) Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе, сипас дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кардааст. Фаъолияти рӯзноманигориро соли 1968 дар идораи рӯзномаи «Роҳи коммунизм»-и шаҳри Ӯротеппа сар карда, сипас (солҳои 1977-1982) ҷонишини муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», солҳои 1982-1995 ташкилкунанда ва сармуҳаррири рӯзномаи байниноҳиявии «Заҳматкаш» будааст. Сипас, то охири соли 2002, сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Истаравшан», буда, раиси бахши Истаравшани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

Ба кори эҷодӣ бармаҳал сар карда, муаллифи маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои «Бозор зинда бошад», «Кӯчахандонак», «Кори тоҷикон кушода нашуд», «Гӯр мансаб шавад», «Зиндаятим», «Зани аскар», «Сталинобод», «Хонаи умед», «Тақдирсӯз», «Хайрхоҳ», «Бахосият», «Оинаи Парвардгор» ва ғ. мебошад. Барои маҷмӯаи ҳикояҳои «Зиндаятим» сазовори Мукофоти ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ гардидааст. Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ҷоизаҳо

  • Мукофоти ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *