Занони Сабзбаҳор

Муаллифон: Гулрухсор
Ношир: “Адиб”
Саҳифа: 400
Соли нашр:
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,94 Mб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 294 нафар

Дар бораи китоб:

Романи Шоираи Халқии Тоҷикистон Гулрухсор «Занони Сабзбаҳор» рӯзгори бонувони замони ҷангро хеле муассир ба риштаи тасвир кашидааст.  «Занони сабзбаҳор» соли 1990 бори нахуст чоп шуд. Таҳриру такмили ин асар, ки нахустин  романи муаллиф аст, солҳо давом кард. Пас аз муҳокимаи муфассалу хайрхоҳонаи устодони насри тоҷик дар маҷаллаи «Садои Шарқ», ки сардабирияшро Лоиқ бар уҳда дошт, бо номи аслияш « Марзи номус» соли 1989 фишурда ба чоп расид.

Сохторе, ки қаҳрамонони роман барои ҳифзаш дар марзи номуси хеш ҷонбозӣ карда, корнома сохтаанд, дигар вуҷуд надорад, аммо ишқ, садоқат, меҳру вафо, нангу ор, шаъну шараф, виҷдону имон… ин сифатҳои инсонсоз, хушбахтона, дар ҷойи худ барҷоянд. Ба нашри кунунии романи «Занони сабзбаҳор» инчунин маводе, ки дар нашри аввал бо  сабабҳои гуногун аз асар берун монда буд, ворид карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки чопи дувуми романи «Занони сабзбаҳор» (Марзи номус) пас аз сипарӣ шудани бисту чаҳор сол дар шакли пурра боиси хушҳолии  на танҳо нависанда, балки  дустдорони ашъори шоира ва нависандаи муосири тоҷик Гулрухсор гардидааст. 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *