Замзамаи Роғун

Муаллиф: Аламхон Кӯчарзода
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 23
Соли нашр: 2018
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 659 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 10 нафар

Дар бораи китоб:

«Замзамаи Роғун» фарогири рубоиёти тозаэҷоди профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алам-хон Кӯчарзода буда, олами умеду армон, сарафро-зиву ифтихор ва бунёдкорию қаҳрамонии мардони фидокорро дар сохтмони ин иншооти азими аср ба риштаи тасвир кашидааст.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Аламхон Кӯчаров 4 феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб-интернат, соли 1964 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1969 ба итмом расондааст ва дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба фаъолият пардохта, дар давоми солҳои 1969-1972 муаллим, солҳои 1972-1981 муаллими калон будааст. Солҳои 1972-1976 дар аспирантура таҳсил карда, соли 1978 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ буда, соли 1997 дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти нави форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омадааст. Солҳои 2002-2010 мудири кафедраи мазкур, ҳоло сарходими илмии ИТИ назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

Муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Садриддин Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори Садриддин Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» (2002), «Адабиёти тоҷик» (дар ҳаммуаллифӣ, 2007), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ» (2013), асарҳои бадеии «Сад рубоӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013) ва зиёда аз сесад мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҷонибеки Акобир, Муҳаммад Ғоиб ва ғ. мақолаҳо навиштааст. Матни илмии интиқодии қиссаҳои «Одина» (1992) ва «Марги судхӯр» (2010)-и устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия» (2014)-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расондааст.

Ҷоизаҳо

  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995);
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008);
  • Дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо» (2001);
  • Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2003).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *