Дар бораи китоб:
Ин асар ба сифати китоби таълимии вазни шеъри тоҷикӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маъмулан бо номи “назмшиносӣ” ё “поэтика” таълим дода мешавад, пешниҳод шудааст. Муаллиф бо мақсади осон намудани омӯзиши вазни шеър ва бо таваҷҷуҳ ба равишҳои ҷадиди омӯзишӣ мабонии вазни шеъри форсии тоҷикиро бо назардошти табиати забони тоҷикӣ ва вижагиҳои алифбоию имлоии хатти кириллии тоҷикӣ баён кардааст.
Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳо, омӯзгорони фанни адабиёт ва дигар алоқамандон пешниҳод мешавад.