Субҳи садоқат

Муаллиф: Давлат Сафар
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 240
Соли нашр: 2016
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 3,03 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 19 нафар

Дар бораи китоб:

«Субҳи садоқат» самари муҳаббату вафодорӣ ва садоқату шабзиндадориҳои пайвастаи шоири ҷӯяндаву рангинхаёл, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М.Турсунзода Давлат Сафар буда, аз талошу заҳматҳои Сарвари давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ишқи поку самимӣ ба ёру диёр ва садрангиҳои рӯзгор бо тасвирҳои хотирмону нотакрор қисса мекунад.

Итминони комил дорем, ки аз файзи ин субҳи босафои олами эҷоди шоир болидарӯҳ гардида, садоқат ба Ватан ва муҳаббат ба ин сарзамини биҳиштосоро бештар эҳсос менамоед.


Дар бораи муаллиф:

Давлат Сафар — рӯзноманигор, шоир,нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010)

Зиндагинома

Давлат Сафар 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба ҷаҳон омадааст. Соли 1988 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2012-2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», аз соли 2014 сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад. Аз соли 2021 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

Асосан дар соҳаи очерку публитсистика ва шеъру тарҷума тавфиқ дорад. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора» (2010), «Шаҳбол» (2010), «Авҷи парвоз» (2011), «Дурахши истиқлол» (2011), «Девони ашъор» (Кобул, 2013), «Исёни ғурур» (2013) фароҳам омадаанд.

Ҷоизаҳо

  • Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002);
  • Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2013).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *