Сояи зулф

Муаллиф: Зулфия Атоӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 256
Соли нашр: 2005
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 811 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 164 нафар

 


Дар бораи китоб:

Зулфия Атоӣ шоири баркамолест, ки бо сабки хос ва ҷустуҷӯю бозёфтҳои хеш назди хонандагони соҳибзавқ маъруфият дорад.

Китоби нави ашъораш ҳам шеърҳои ба доираи васеи мухлисон ошно ва ҳам намунаҳои тозаи эҷоди ӯро фароҳам овардааст. Ин ашъор, ки сифати боризашон заминӣ ва замонӣ буданашон аст, тозабаёнии самимонаву дилрас ва меҳри воқеии шоираро ба ёру диёр ва ҳамзамину ҳамзамонон возеҳу равшан ифода мекунад.


Дар бораи муаллиф:

Зулфия Атоӣ – (15 июни соли 1954 ноҳияи Ғончӣ), шоира, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон. Шоири халқии Тоҷикистон. Дорандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Зиндагинома

Зулфия Атоӣ (Атоуллоева Зулфия) 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1970 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба Институти адабии ба номи М.Горкий дар шаҳри Москва рафт ва дар бахши назм таҳсилро давом дод. Соли 1977 баъди хатми Институти адабии ба номи М. Горкий ба шаҳри Душанбе омад ва то соли 1983 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бо кори рӯзноманигорӣ машӻул гашт. Ӯ аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») ба ҳайси мудири шӯъба: аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст. Аз соли 1990 то соли 1993 дар хона машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияти фарзандон буд. Ӯ аз соли 1993 то имрӯз сардабири Муассисаи давлатии маҷаллаи бонувон «Фирӯза» аст.

Эҷодиёт

Шеърҳои Зулфия Атоӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва диг. – ҳо тарҷума гашта, дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои мухталифи кишварҳои дунё интишор гаштаанд. Зулфия Атоӣ дар наср низ қувва меозмояд. Қиссаи ӯ «Ғамро намефурӯшанд» ва дигар мақолоту ҳикоёташ дар қисми дуввуми дуҷилдаи «Зулфи парешон» гирд омадаанд. Дар сафи аҳли адабиёту фарҳанг ба кишварҳои Эрон, Покистон, Россия, Украина, Голландия, Олмон, Гурҷистон, Америка, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва ғайраҳо сафари эҷодӣ анҷом додааст.

Муаллифи китобҳои зерин:
  • «Ҷиҳоз» (1977),
  • «Дидор» (1980),
  • «Меваи сабр» (1982),
  • «Зочаи хушрӯи ман» (1984),
  • «Духтари дарё» (1986),
  • «Ишқи як зан» (1992),
  • «Ситораи ваҳшӣ» (бо ҳуруфи форсӣ, 1997),
  • «Ситораи Муштарӣ» (1998),
  • «Зан агар ошиқ шавад» (2001),
  • «Зулфи парешон» (дар ду ҷилд, 2002),
  • «Паррандаи баҳорӣ» (ба забони русӣ, 2004),
  • «Сояи зулф» (2005),
  • «Девони зулф» (2009).
  • Инчунин мураттиб ва муҳаррири китобҳои «Ахтари чархи адаб», «Дуруд, эй ишқ» ва ғайраҳост.

Мукофот ва ҷоизаҳо

  • Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст;
  • соли 1995 барандаи ҷоизаи Созмонии ҷавонони ҷумҳурӣ мебошад;
  • соли 1997 бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст;
  • соли 2005 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор дониста шуда буд;
  • соли 2010 ба ифтихори комёбиҳо дар адабиёт бо унвони олии адабии Шоири халқии Тоҷикистон сазовор шудааст;
  • соли 2011 барои саҳми арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Россия бо ордени «Дили Данко» сазовор донистаанд;
  • Ҳамчунин узви ифтихори Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург интихоб гардидааст;
  • Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.