Дар бораи китоб:
Румони «Синдроми Стокҳолм»-ро соли 2007 дар бадтарин ҳолати равонӣ навиштаам, ба манзури худдармонӣ ва пайдо кардани посухе ба пурсишҳои зиёде, ки дар солҳои дурӣ аз Ватан, дар ман зам шуда буд ва тарҳи масоили амиқи ҳуввиятӣ ва ҳиҷрат дар ҳичрат, ки неш бар решаҳои мани сӣсола фуру бурда буд.
Ин румон соли 2007 навишта шуд, соли 2008 бознигарӣ шуд ва соли 2009 бо хатти форсӣ дар интишороти «Ховарон» дар Порис, ба чоп расид. Соли 2010 дар интишороти “Ҳандсмедия” дар Ландан ба нашри дуввум расид ва ҳоло ҳамин ношир онро бо ду хатт, хатти форсӣ ва ҳам хатти сириллик, бознашр мекунад, ки боъиси ифтихори ман аст.