Дар бораи китоб:
Ашъори зебову шевои шоираи ҳассос ва нозукхаёл Саидаи Синавӣ (Рамазонова) солҳост, ки барои алоқамандон ва дӯстдорони каломи мавзуни мухайял ошност. Дар раг-раги шеърҳое, ки ӯ дар ин гузида ба қазовати шумо, адабдӯстон ҳавола мекунад, эҳсосоти латифи занона, изтиробҳои ошиқона ва қалби гарми шоирона барқ мезанад. Умедворем, ки ин гузидаи ба қиём расида мавриди писанди дилу ҳушу дидаи шумо, азизон, қарор бигирад.