Шиноси ношинос

Муаллиф: Гулнори Усмон
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 104
Соли нашр: 2012
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 761 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 540 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ҳикояҳои Гулнори Усмон пораҳои зиндагианд, пораҳое, ки самимонаву зебо ва нишонрас рӯи коғаз омадаанд ва хислату ҳайсияти қаҳрамонҳояшонро муайян мекунанд.

Таронаҳои маҷмӯа низ эҳсоси зебои дилро таҳрик мебахшанд.


Роҳи сафд:


Ман бо ҳикояҳои адибаи ҷавон Гулнори Усмон то ҳадде шинос ҳастам. Як ҷиҳати хуби ҳикояҳо ин аст, ки аз онҳо «бӯи» сунъӣ намеояд. Ин ҳикояҳо аз мушоҳидаҳо ва эҳсоси қаламкаш бармеоянд ва табиист, ки мавзӯи аксари он аз хонадон иборат аст.

Набояд фаромӯш кард, ки нависанда на танҳо бо изҳори дарди худ нависанда мешавад, балки ӯ бояд ба муҳити васеътар ворид шавад ва дарди фардии ҳар узви ин муҳитро дарди худ шиносад. Танҳо пайвасти дарди худ бо дарди халқ адибро ба мартабаҳо мерасонад.

Ман ба Гулнор тай кардани ҳамин гуна роҳ ва вусъати  эҷодашро орзӯ мекунам.

Муҳиддин ХОҶАЗОД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.