Шарҳи осонбаён бар дебочаи «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ ба забони муосири тоҷикӣ

Муаллиф: Абдуллоҳи Раҳнамо
Ношир: «»
Саҳифа: 91
Соли нашр: 2010
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,50 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 29 нафар

 


Дар бораи китоб:
Дӯстони гиромӣ,
Бо салому эҳтиром.
Шарҳи осонбаёни дебочаи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ ва 100 ҳикояти ин асари бузургро ҳануз соли 2010 маҳз ҳамчун маводи таълимӣ барои истифодаи наврасони тоҷик таълиф карда будам. Он аз назари мазмун басе муҳимму муфид ва аз диди таркиб басе дақиқу заргарист. Бо хоҳиши чанде аз дӯстон имрӯз матни бахши аввали онро пайдо карда, дар ихтиёри Шумо мегузорам. Пеш аз ошноӣ бо рисола, фақат ба чанд нуктае таъкид мешавад:
  1. Ин матни даҳ соли пеш аст ва ҳоло он мадори тасҳеҳу такмили дубораи он пайдо нест, бинобар ин агар дар матн хатое гузашта бошад, Шумо низ бо лутфи худ аз он бигзаред.
  2. Истифодаи таълимии ин рисолаи адабӣ ва хоса бахши шарҳии он, дар нексозии ахлоқу равонии забони наврасон басе корсоз аст. Аз ин рӯ, хусусан, дар рӯзҳои таътилии ҷорӣ, ки вақти холии онон бештар аст, омӯзиши дарс ба дарси ин барояшон аз фоида холӣ намебуд.
  3. Хусусан барои тоҷикони азизе, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранду фарзандони наврасашон аз муҳити мактабии фарҳангӣ ва забонии тоҷикӣ берунтар мемонад, таълими ҷиддии ин матн ва хоса, ҳифзи матни асосии он барои тақвияти забон ва пойдории ҳувияти фарзандон басе муфид хоҳад буд.
  4. Бе ҳеҷ шубҳа, «Гулистон»-и Саъдӣ ва дебочаи зебои он яке аз шоҳкориҳои фарҳангу забону адабиёти мост. Матни он, пеш аз ҳама як асари адабӣ, ахлоқӣ, ҳунарӣ ва бадеист, мисли як наққошии рамзӣ ё муҷассамаи зебои ҳувиятсоз. Аз ин рӯ, шоиста аст, ки вақти омӯзиш дар он пайи баҳсу мазҳабу сиёсату идеология нарафта, бештар рӯи ин ҳикмату ахлоқу ҳунару зебоиву зебоишиносӣ таваҷҷуҳ намоем, то таъсираш барои фарзандон созандаву мондагор бошад.
Бо эҳтиром,

Сухане дар боби таълифи ин рисола

Солҳои 2000-2005, ки ҳанӯз рӯҳам пур аз завқ ва ҷисмам пур азтавон буд, баъзе аз дӯстони соҳибмаърифат хоҳиш намуданд, ки ба хотири рушди маънавӣ ва камоли суханварӣ ба фарзандонашон аз китоби «Гулистон» дарс гӯям. Ҳамин тавр, мудате «устоди «Гулистон» шудаму аз ин ҷаҳони зебою беолоиш гузори муфассале доштам. Албатта, банда ҳанӯз дар синни мактабӣ «Гулистон»-ро омӯхта будам ва ин асар ҳаргиз аз канорам ҷудо набуд, вале ин чанд соли таълими «Гулистон» бароям нуктаҳои арзишмандеро рӯшан кард, ки фақат чанде аз он чунин аст:

  1. Бе ҳеҷ шакке, «Гулистон»-и Саъдӣ бисёр амиқтар, бисёр зарифтар ва бисёр зеботар аз он чизест, ки мо тасаввур мекунем. Ва бисёр дареғ аст, агар ҳамчун фарзанди ин фарҳанг аз ин баҳри маънавӣ бебаҳра монем ва ҳамчунон бо рӯҳи хушк саргардон бошем.
  2. Ин китоб имрӯз ҳам яке аз беҳтарин манбаъҳо ва дастурҳои ахлоқӣ, имонӣ, некӯкорӣ, огоҳӣ ва суханварӣ буда, ҳам насли наврас ва ҳам насли бузургсоли мо ба омӯзиши амиқи ин асари бузургвор ниёзи ҷиддӣ дорад. Ва давои басе аз дардҳои маънавию ахлоқии ҷомеаи мо дар ин асар нуҳуфта аст.
  3. Мутаассифона, таҷрибаи таълими чандсолаи ин китоб нишон дод, ки акнун насли навраси мо бисёр калимаҳо, ибораҳо ва мазмунҳои ин китобро дуруст намефаҳманд ва ин мушкили забониву баёнӣ имкон намедиҳад, ки мазмунҳои баланди китоб аз сӯи онҳо фаро гирифта шавад. Барои насли ҷавони имрӯз хусусан, фаҳми бахши зиёде аз дебочаи «Гулистон», ки худ дар танҳоӣ як шоҳкори маънавию ҳунарист, бисёр мушкил шудааст. Аз ин рӯ, бе вуҷуди як шарҳи осонбаёни тоҷикӣ таълиму фарогирии он барои наврасони мо имконпазир нест.

Ин буд, ки инак ёддоштҳои он дарсҳои амалии худро ҷамъоварӣ намуда, ин шарҳи осонбаёни дебочаи «Гулистон»-ро барои наврасони азиз бо забони содаи имрӯзи тоҷикӣ таҳия ва пешкаш намудам. Аз ин рӯ, ин навишта ҳаргиз даъвои як шарҳи ҷомеъ ва фарогири «Гулистон»-ро надорад, балки посухи як ниёзи воқеӣ ва натиҷаи як таҷрибаи амалии як дӯстдори ин асари бузургвор аст. Агар наврасони мо «Гулистон»-ро ҳадди ақалл дар ҳамин сатҳ биомузанду бифаҳманд, роҳи онҳо барои фаҳми амиқтари ин асар ва фаҳми осори дигари баландсухану баландмазмуни ниёкони мо то ҳадде ҳамвор хоҳад шуд. Мақсади самимонаи муаллиф ин буд ва низ дарёфти дуои хайри соҳибдилон.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *