Шамси Қайси Розӣ – ноқиди шеър

Муаллиф: Шарифов М.
Ношир: «ЭР-граф»
Саҳифа: 156
Соли нашр: 2010
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 3,60 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 30 нафар

Дар бораи китоб:

Рисолаи мазкур ба тадқиқи афкори адабӣ-танқидии мардуми тоҷик бахшида шудааст. Дар рисола ҳаёти илмӣ-адабии Шамси Қайс дар муқоиса бо руйдодҳои таърихии замони истилои муғул мавриди тадқиқ қарор гирифта, мақоми ӯ ҳамчун адабиётшиноси тирози аввал муайян карда мешавад. Дар рисола нақди шеър ва моҳияти он то асри XIII баррасӣ мешавад. Муаллиф дар ин замина таърихи нақди адабиро таҳлил намуда, таъсири афкори пешқадами илмиро ба марзҳои ҳамҷавору ҳамзабон таъкид мекунад. Мавзуи марказӣ тадқиқи афкори адабӣ-танқидии адабиётшиноси бузурги асри ХIII – Шамси Қайси Розӣ мебошад. Дар охири китоб замимае илова шудааст, ки дар он афкори адабӣ-эстетикии муаллиф ҷамъбаст гардидааст ва он «Адавоти шеър ва муқаддамоти шоирӣ» ном дорад. Дар ин қисмати китоб Шамси Қайс шоирони ҷавонро мухотаб қарор дода, дар шахси онҳо ҳамаи дӯстдорони шеъру адабро илми шеър таълим медиҳад ва роҳҳои бартараф намудани камомади шеърро ба онҳо меомӯзад.


Дар бораи муаллиф:
Маҳмадёр Шарифов дар деҳаи Лоҷирки ноҳияи Санг­вори собиқ Вилояти Ғарм – ҳозира ноҳияи Тавилдара ба дунё омадааст. Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Тоҷикис­тонро бо ихтисоси филолог, муаллими фанни забон ва адабиёт хатм менамояд. Якуним сол дар мактаби миёнаи но­ҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ба ҳайси мудири бахши илмӣ ва муаллими фанни забон ва адабиёт кор кардааст. Аз соли 1974 то соли 1977 дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ фаъолият намуда, баъдан дар редаксияи маҷаллаи «Хоҷагии қиш­лоқи Тоҷикистон» ҳамчун мудири шӯъба ифои вазифа намуд. Соли 1980 таҳсилашро дар аспирантура давом дода, соли 1985 дар мавзӯи «Шамси Қайси Розӣ – ноқи­ди шеър» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Аз соли 1982 то соли 1997 дар шӯъбаи «Тавсифи нусхаҳои хаттӣ ва таҳияи феҳрастҳо»-и Институти шарқ­шиносии АИ ҶТ фаъолият дошт. Аз соли 1997 то инҷониб дар До­нишгоҳи технологии Тоҷи­кис­тон фаъолият мекунад. Алҳол мудири Бахши табъу нашри до­ниш­гоҳро ба ӯҳда дошта, ҳамзамон дар кафедраи забони давлатӣ ва Фан­ҳои гуманитарии донишгоҳ аз фанни забони тоҷикӣ ва фарҳангшиносӣ дарс мегӯяд.
Оид ба мавзӯоти номбаршуда мақолоти зерин рӯи нашр омадаанд: То сурату маънӣ ба ҳам омехтаем/ Ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», 6.08.1987; Камоли тахай­юл ё навъе санъати суолу ҷавоб/ Дар китоби Мақолоти маҷмаи бузургдошти Камоли Хуҷандӣ. Табрез, 1375 (ҷил­ди аввал); Навофариниву тозакорӣ дар ашъори Иқ­бол/Дар китоби «Иқболнома», Покистон 1999, Китъа как вид художественного творчества средневековья/ Восток. Маскав 1991, №5 (бо ҳаммуаллифии Л.Додихудоева); Оини родмардон/ «Садои Шарқ», 1990 №4; Шеър аз назари Хоҷа Ҳасани Нисорӣ/Труды ТУТ, Выпуск Х. Душанбе 2004; Тазкиратушшуарои Мӯҳта­рам – манбаи омӯзиши адабиёти асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ/Труды ТУТ, Выпуск Х1, Душанбе, 2005; Нақди ашъори Рӯдакӣ ва ҳам­асронаш дар «Алмӯъҷам»-и Шам­­си Қайси Розӣ/ «Ада­биёт ва санъат», 7.06.2008; Устоди шеъри анҷуман­афрӯз/ «Адабиёт ва санъат», 30.10.2008; Оё сабаби ҳиҷра­ти Мавлоно танҳо ранҷиш буд? / «Адабиёт ва санъат», 27.11.2008; Дар таҳияи «Донишнома»-и Рӯдакӣ (ҷ. 2, Душанбе, 2008) иштирок намудааст (30 мақола).
Маҳмадёр Шарифов дар баробари корҳои илмӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ истеъдоди хуби шеъргӯӣ ҳам дорад ва ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ба табъ расидаанд. Ба эшон дар ҷодаи илму эҷод барору пешравӣ таманнои мост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *