Дар бораи китоб:
Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст. Дар ҳикояҳо олами мураккаби ботинии инсон, иродаи сангини ӯ дар рӯ барӯйи шикасту рехт, дарду алам, талошу пойдорияш дар роҳи оини инсониву ҷавонмардӣ, ишқу вафодорӣ, ҳифзи Ватану арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва ормонҳои миллӣ рангоранг тасвир шуда. Умед аст, ки мутолиаи ҳикояҳо ба дили хонанда рушноӣ бахшида, ба шинохти ҳақиқати зиндагӣ ва одаму олам ба ӯ ёрӣ мерасонанд.