Саройи санг (III)

Муаллиф: Ато Мирхоҷа
Ношир: «Эр-граф»
Саҳифа: 308
Соли нашр: 2020
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,85 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 13 нафар

Дар бораи китоб:

Дар қисми сеюми романи «Саройи санг» муаллиф саргузашту сарнавишти қаҳрамонони асарро давом дода, хонандаро бо вазъи риққатбори тоҷикони Шуғнонзамин ва авзои сиёсии солҳои 70-уми асри XIX ошно месозад.

Дар ин айём Афғонистон барои ба даст овардани Шуғнону Вахон даст ба омодагии ҳарбӣ мезанад. Таҳти роҳбарии тоҷики зарафшонӣ Муҳаммад Яъқуббеки Бадавлат мусалмонони Хитойи ғарбӣ давлате ба номи Йеттишаҳр ташкил мекунанд. Яъқуббек барои ҳимояи он англисҳоро ба хоки ин давлати навбунёд роҳ медиҳад. Қавму қабилаҳои қирғизони назди Помир низ барои муттаҳид гаштан тадбирҳоеро роҳандозӣ менамоянд. Мир Манзаршоҳ барои мустаҳкам намудани сарҳади шарқии Шуғнонзамин дастаҳои ғоратгари қирғизро шикаст медиҳад. Шоҳи Бадахшон Маҳмудшоҳ ба Шуғнон лашкар кашида, ба муқобилати ғайричашмдошти артиши он дучор мегардад. Юсуфалихон бо маслиҳати аҳли фазл бо Маҳмудшоҳ сулҳ мебандад, вале бо додани 70 навраси хуфӣ ба бардагӣ обрӯйи худро дар назди раият барбод медиҳад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *