Сармаддеҳ | Шаҳриёр

Муаллиф: Баҳманёр
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 472
Соли нашр: 2013
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 3,65 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 72 нафар

Дар бораи китоб:

Баҳманёр ба сатҳинигорӣ видоъ гуфта, ба моягирӣ аз арзишҳо барои бунёди ростини ҳунарӣ талош меварзад.  Мекӯшад бо судгирӣ аз фарҳанги мардум, гузаштаҳои дуру наздик ҳар он чи имрӯз бо чашми ҷон метавон дид, андешаҳои худро баён дорад.

Баҳманёр нависандаест, ки хонанда метавонад дар роман, қисса ва ҳикояҳояш ба замонҳо, маконҳо, ҳаводису гиреҳҳои фаровону гуногун рӯбарӯ шавад ва аз ҳар боғ тозасамаре ба даст орад.


Дар бораи муаллиф:

Баҳманёр (Наҷмиддин Арабзода) — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ.

Зиндагинома

Нависандаи истеъдодманд, Баҳманёр (Наҷмиддин Арабзода) 15 июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушодааст. Фориғуттаҳсили шӯъбаи арабии забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон (1977) аст. Дар идораи киносозии тоҷик, нашрияҳои «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият доштааст.

Насри бадеии Баҳманёр

Баҳманёр аз зумраи нависандагони навҷӯю хушсалиқаест, ки бо нигоштаҳои нахустинаш миёни хонандагон ва муҳити адабӣ маҳбубият пайдо кард, мутобиқ ба шароити рӯзгор ва гузашти вақт маҳорату малакаи тасвир дар асарҳояш такмил ёфтаю сербор шудааст. Қудрати офаринишаш марзу ҳадде намешиносад ва дар ҳама чиз нуктае, розеву карашмае меҷӯяд. Забони пуртавонаш ҳампайванд бо тасвирҳои тозаест, аз нӯги хомааш бӯи сидқу сафо меояд, ҳар чӣ ба ҳиссу ақли хеш дармеёбад, бепарда, бидуни биму ҳарос ва бе ҳеҷ рӯю риё баён медорад. Нигоштаҳои Баҳманёр рангу бӯи зодбумро медиҳанд, вале дорои паёмҳои инсонӣ ва башарии фаромаконӣ ва фарози маонианд. Бо ин ҳам реша дар жарфои фарҳангу забони тоҷикӣ — форсӣ доранд, ойинаи тамомнамои зиндагии худаш мебошанд. Барояш нависандагӣ саргармӣ, ҳавас ва шӯҳрату худнамоӣ нест, балки ниёзи сӯзонест, ки оромаш намегузорад. Бинои тасвирсозе дар ҳама осораш бар тавсифи хаёлангези муҳит побарҷой аст, тахайюлу воқеиятро ба ҳам омезиш медиҳад. Бардоштҳо аз падида моли худашанд ва баҳри хонанда оромиши дилпазире ба армуғон меоварад, дар ҳолати шӯридагию шигифтӣ наъраи шайдо ва бонги эътироз баланд ба садо меояд.

Даргузашт

Баҳманёр Аминӣ шаби 10 ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Осор

  • Ишқи сайед: Ҳикояҳо. — Душанбе, 1984. — 173 с.
  • Аспи обӣ: Ҳикояҳо. — Душанбе, 1988, — 224 с.
  • Время цветения ромашки: Рассказы. — Москва, 1988. — 144 с.
  • Дуди хисрат: Қиссаю ҳикоёт. — Душанбе, 1993. — 337 с.
  • Зарринаи Зарнигор: Қиссаю ҳикоёт. — Душанбе, 1997. — 167 с.
  • Песен идущего в петлю: Рассказы. — Душанбе, 1998. — 164 с.
  • Сармаддеҳ: Роман.- Душанбе, 2002. — 403 с.
  • Шоҳаншоҳ: Роман. Душанбе, 2003. — 396 с.
  • Сармаддеҳ. Шоҳаншоҳ (маҷмӯаи ҳикояҳо ва роман) – Душанбе, «Адиб», 2013. 472 саҳ.

Мукофот

  • Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ.

Адабиёт доир ба адиб

  • Баҳманёр // Адибони Тоҷикистон. — Душанбе,2003. — С. 117
  • Солеҳов, Ш. Баҳманёр (Аминӣ Баҳманёр Арабзода) // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик [Матн]. — Душанбе, 2004.- Ҷ.3.- С.506.
  • Абдухолиқи Набавӣ. Намунаи шоистаи насри ҷадид. // Адабиёт ва санъат.- 2004.- 21 май.
  • Мисбоҳиддин Нарзиқул. Баррасӣ ва нақди роман: Оди романи «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр //Садои Шарқ.- 2012.- № 12.- С.77-110.
  • Шоире аз Сармаддеҳ. Гуфтор дар бораи Баҳманёр — Душанбе: Ирфон, 2017.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *