Мунтахаби ашъор

Муаллиф: Саноии Ғазнавӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 478
Соли нашр: 2011
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 41 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ин китоб мунтахабе аз маснавии «Ҳадиқатулҳақиқа», қасоид ва ғазалиёти Ҳаким Саноии Ғазнавиро дар бар мегирад, ки дурдонаҳое аз ганҷинаи ирфону маънавиятро дар худ нуҳуфтааст.


Дар бораи муаллиф:

Яке аз симоҳои машҳури тасаввуфу ирфон, шоири ихтироъкору навовар ва асосгузори адабиёти сӯфия Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам Саноии Ғазнавӣ буда, дар таърихи шеъру адаби форс-тоҷик мақоми сазовору шоиста дорад. Оид ба ному насаби хеш худи ӯ навиштааст, ки: «ман, ки Маҷдуд ибни Одам Саноиям…» ва дар чанд ҷои дигар низ ба ин ҷиҳат ишораҳо дорад:

Шуароро ба лафзи мақсудам,

З-ин қабил ном гашт Маҷдудам.

Ё худ:

Маҷдуд шуду ёфт Сано назди ту бешак,

Аз ҷуди туву ҷоҳи ту Маҷдуд Саноӣ.

Ӯ дар ибтидо Ҳасан ном доштааст:

Ҳасан андар ҳасан андар ҳасанам,

Ту ҳасан, халқ ҳасан, банда Ҳасан.

Ё ин ки:

З-он ки некӯ кунад аз ҳамномӣ,

Хидмати Хоҷа Ҳасан банда Ҳасан.

ва ғайра.

Ҳаким Саноӣ соли 1079 дар шаҳри Ғазнин ба дунё омадааст, зеро худи ӯ ба зодгоҳаш ишораҳои зиёд дорад:

Гарчи мавлуд маро ба Ғазнин аст,

Нақши шеърам чу нақши Мочин аст.

Хоки Ғазнин чу ман назод ҳаким,

Оташе бодхору об надим.

ва ё дар қасидае мегӯяд:

Шодмон бош аз ману аз худ, ки андар назму наср,

Н-аз Хуросон чун туе зодаст, н-аз Ғазнин чу ман.

Баромади иҷтимоии ҳаким Саноӣ ба тоифаи бузургон тааллуқ дорад ва дар ин бора низ худи ӯ ишораҳо менамояд:

Ман саногӯи туам, зеро нажодам нест бад,

Худ накӯгӯи туро ҳаргиз набуда баднажод.

Ё ки:

Камозору беранҷу покизаарзам,

Ки пок аст алҳамдулиллаҳ нажодам.

Ё ин ки:

Гар бад кунанд бо мо, мо некӯӣ кунем,

Зеро ки покнисбату озодазодаем.

Ин ишораи Саноӣ ба озоданажод будани ӯ низ ҳаст ва аз ин ҷост, ки ӯ аз орифон аввалин нафарест, ки аз калимаҳои паҳлавӣ Падари Саноӣ низ аз симоҳои машҳури илму фарҳанги замони хеш будааст, ки шоир бо ӯ фахр менамояд:

Падаре дорам аз нажоди киром,

Аз бузургӣ, ки ҳаст Одам ном.

Саноӣ чун аз хонадони баландпоя буд, аз илмҳои замонаи хеш ба хубӣ баҳравар мешавад ва дар ашъораш ишораҳои зиёде оид ба илмомӯзию дониши серсоҳа доштани худ кардааст:

Ҳар чӣ донистам зи навъи улум,

Кардаам ҷумла халқро маълум.

Баъдтар Саноӣ ба шеъргӯи оғоз кардааст ва оғози шеъргӯии шоир ба аҳди Алоуддавла Султон Масъуди сеюм рост меояд. Ӯ оғози шоирии худро аз мадҳи шоҳони Ғазнавӣ шурӯъ намудааст, вале дар девонаш мадҳияи шоҳону амирон чандон беш нест, зеро пас аз тағйири ҳол ашъори мадҳии худро шустааст.

Ҳаким Саноии Ғазнавӣ ҳанӯз дар овони ҷавонӣ мусофират ихтиёр намуда, бештари шаҳрҳои Хуросон: Балху Сарахс, ҳироту Нишопур ва ғайраро сайр кардааст ва аз шаҳри Балх ба зиёрати Каъба мушарраф шудааст. Ӯ дар бозгашт боз ба Балх омада дар ҳамин макон ба маҷзубия (як ҷараёни тасаввуфӣ) мепайвандад. Дар маснавии «Ҳадиқа…» мегӯяд:

Гарчи дар ғафлат андар ин сӣ сол,

Дафтари ман сиёҳ кард хаёл.

Ин суханҳо зи котиби чапу рост

Узри сесадҳазорсола бихост.

Дар ибтидо зиндагии шоири ҳаким хеле бошукӯҳу босалобат будааст, вале ин ҳоли ӯ дер давом накардааст. Оид ба дарборро тарк намудани Саноӣ дар сарчашмаҳо ривоятҳои гуногун вуҷуд дорад. Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» меорад, ки: «…Ба дари Гулханӣ расид, ки яке аз маҷзубон мегуфт:

— Пур кун қадаҳе, ки ба кӯрии Маҳмудак бихӯрам… Як қадаҳ бихӯрду гуфт:

— Пур кун қадаҳе, ки ба кӯрии Саноияки шоир.

Соқӣ гуфт:

— Саноӣ марде фозил… аст.

Маҷзуб гуфт:

— Агар вай латифтабъ будӣ, ба коре машғул будӣ, ки вайро ба кор омадӣ.

…Саноӣ чун онро шунид, ҳол бар вай мутағайир шуд ва ба танбеҳи он лойхор аз ғафлат ҳушёр шуд…»

Албатта, дар ин ҷо Саноӣ ба назди Султон Маҳмуд не, балки ба назди Баҳромшоҳи Ғазнавӣ шояд гуфта бошад, зеро Султон Маҳмуд то соли 1030 ҳукмронӣ кардааст.

Ӯ баъди тарки дарбор ба зиёрати Каъба рафта дар охир ба зодгоҳи хеш Ғазнин меояд ва дар ин ҷо яке аз ихлосмандонаш — Хоҷа Аҳмад ибни Масъуд ба Саноӣ хонае харида медиҳад ва ӯ ба корҳои эҷодӣ машғул мегардад.

Саноӣ пас аз он ки аз Ғазнин ба Хуросон рафта будааст, дар он ҷо дасти иродат дар домани тарбияти шайхулмашоих Абӯюсуфи Ҳамадонӣ мезанад. Аз баъзе ишораҳои ӯ пайдост, ки Саноӣ ба синни пирӣ расида будааст:

Рӯзгори ҳусуди бебокам

Аз дили шӯху ҷони ғамнокам.

Кард пуштам камону ком чу тир,

Кард рӯям чу қиру мӯй чу шир.

Пой бар пой омад аз ғами шаст,

Лоҷарам даст мезанам бар даст.

Поёни умри Саноӣ дар Ғазнин гузашта, ба қавли Ар-Рифо (баъзан Ар-Риқо) соли 525 Ҳиҷрӣ ва ё дақиқан соли 535 Ҳиҷрӣ (1140 мелодӣ) олами фониро падруд гуфтааст.

Девони ҳаким Саноиро дар асл 30-ҳазор байт донистаанд, вале аз он феълан ба миқдори 13780 байт маҳфуз мондааст, ки он аз қасида 310 то, ғазал 405-то, қитъа 179-то, рубоӣ 537-то, таркиббанду тарҷеъбанд ва мусаммат-8 то ва ғ. иборат метошад.

Яке аз ихтироъҳои ҳаким Саноӣ таълифи маснавӣ ва хоса маснавиҳои орифона аст. Аз ӯ асарҳои зерин ба ёдгор аст: «Тариқат-ул-таҳқиқ», «Сайр-ул-ибод илал маъод», «Корномаи Балх», «Ақлнома», «Ишқнома», «Саноиобод», «Таҳримат-ул-қалам» ё «Таҷрибат-ул-алам» ва ғайра.

Бузургтарин маснавии Саноии Ғазнавӣ, ки шӯҳрати ӯро асосан, таъмин намудааст, «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат ва шариъат-ут-тариқат» мебошад. Ин асар бузургтарин шоҳкории Саноӣ буда, дар соли 525 ҳиҷрӣ (1120) навишта шудааст. Манзума аз 10 боб иборат буда,10 ҳазор байтро дар бар мегирад. Ҳар як фасли достон дорои чанд ҳикоя ва масал аст. Мундариҷаи асосии асар ба ғайр аз бобҳои анъанавӣ аз баёни фазилати илм, тасвири ишқу муҳаббат, ҳикмат, накӯҳиши ғафлат, тавзеҳот ва муносибат бо дӯстону душманон баёни ҳол ва ғайра иборат аст. Дар асари мазкур мӯҳимтарин масъалаҳои рӯзгори башари ва фалсафаю хикмати зиндаги ба калам омадааст. «Хадикатулхакикат» бо номҳои «Илохинома» ва «Фахринома» низ маъруфият дорад. Асари мазкурро Комуси ирфони форси хисоб кардаанд. Саноӣ бо ин маснави самти маснависароии адабиёти моро ба суи фалсафа ва ирфон рахнамои кард.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *